Дар Душанбе Маркази зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе Маркази зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай таъсис дода мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, директори Агентии мазкур Шерхон Салимзода зикр намуд, ки дар доираи баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ як зумра таклифҳои ҷониби Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доранд.
«Яке аз ин пешниҳодҳои муҳими ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Маркази мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мебошад»,- афзуд мавсуф.
Мусаллам аст, ки дар замони муосир масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба яке аз проблемаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст, зеро ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бадастоварда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм мебошанд».
Аз ин лиҳоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2019 дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек пешниҳод карданд, ки дар доираи СҲШ созмони алоҳидае барои мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир таъсис дода шавад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таъсиси сохтори алоҳида мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддирро самаранок хоҳад кард.
10 июли ҳамон сол дар Вена таҳти раёсти Тоҷикистон иҷлосияи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА баргузор гардида, дар он пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
Яке аз сухангӯёни калидии ҷаласа Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов зикр намуд, ки дар ростои андешидани тадбирҳои зарурӣ дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводи мухаддир, сарони кишварҳои узви СҲШ зарур медонанд, ки пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе таҳия шавад.
Зимнан, сиёсати муваффақи пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ин буд, ки 16-17 майи соли 2019 дар Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» конфронси сатҳи баланд баргузор гардид.
«Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир давоми солҳои тӯлонӣ талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст», — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси мазкур.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир соли 1999 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа таъсис дод. Инчунин бо ин мақсад аз соли 2013 инҷониб дар мамлакат Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои давраи то соли 2020 татбиқ мегардад.








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






