Дар Душанбе Маркази зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад

Февраль 14, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе Маркази зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай таъсис дода мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  иттилоъ дода шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар  медиҳад, директори Агентии мазкур Шерхон Салимзода зикр намуд, ки дар доираи баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ як зумра  таклифҳои ҷониби Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доранд.

«Яке аз ин пешниҳодҳои муҳими ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Маркази мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии  маводи нашъаовари Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мебошад»,- афзуд мавсуф.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба яке аз проблемаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст, зеро ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бадастоварда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм  мебошанд».

Аз ин лиҳоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  моҳи июни соли 2019  дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек пешниҳод карданд, ки дар доираи СҲШ  созмони алоҳидае барои мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир  таъсис дода шавад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки   таъсиси сохтори алоҳида мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддирро самаранок хоҳад кард.

10 июли ҳамон сол дар Вена таҳти раёсти Тоҷикистон иҷлосияи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА   баргузор гардида, дар он пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Яке аз сухангӯёни калидии ҷаласа Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов зикр намуд, ки дар ростои андешидани тадбирҳои зарурӣ дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводи мухаддир, сарони кишварҳои узви СҲШ зарур медонанд, ки пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе таҳия  шавад.

Зимнан, сиёсати муваффақи пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ин буд, ки 16-17 майи соли 2019 дар  Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» конфронси сатҳи баланд баргузор гардид.

«Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир давоми солҳои тӯлонӣ  талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст», — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси мазкур.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир соли 1999 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа таъсис дод.  Инчунин бо ин мақсад аз соли 2013 инҷониб дар мамлакат Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои давраи то соли 2020 татбиқ мегардад.

 

Февраль 14, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад
14 МАРТ-ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА. Давоми 32 сол фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад»