Дар ИМА ваксинаи зидди коронавируси чиниро таҳия намуда, омодаанд онро ройгон ба дигар кишварҳо диҳанд

Февраль 24, 2020 13:44

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии «Greffex Inc. Ҷон Прайс»  ба рӯзномаи  «Houston Business Journal» гуфтааст, ки ширкати ӯ таҳияи ваксинаро  ин ҳафта анҷом дод. Ҳоло он  мутобиқи талаботи  ҳукумати ИМА  аввал дар ҳайвонот санҷида мешавад. Дар ин бора «Qazweek.kz»  бо истинод ба «Forumdaily.com» хабар медиҳад. 

«Мушкилот дар ихтирои ваксина аз ин иборат аст:  оё шумо  онро ба андозаи зарурӣ, ки барои ҳама кофӣ бошад, эҷод карда метавонед?  Шумо ин ваксинаро зуд ва  самаранок  санҷида метавонед? Ва оё баъдан метавонед онро ба беморон расонед? Бо ин ҳама, мо нисбат ба дигар ширкатҳо бартарӣ дорем»,- гуфт Ҷон Прайс ба  KHOU.

-Агар ҳукумат ваксинаро маъқул  шуморад, «Greffex»  онро ба таври ройгон ба кишварҳои дигар  тақсим хоҳад намуд,- илова  кард Прайс.

Бино ба гуфтаи ӯ, барои ихтирои ваксина  намунаҳои зинда ё мурдаи вирусе, ки дар Ухани Чин ба вуҷуд омада буд, истифода нашудаанд. Ин усулро барои пайдо намудани масуният бар зидди вирус истифода мебаранд, масалан, чун ваксинаи  зуком. Ба ҷои ин «Greffex»  ваксинаи  намуди дигарро дар асоси аденовирус  истифода менамояд, ки сохтори он ба ирсияти инсон   мувофиқтар аст.

Ин ваксина дар натиҷаи  қарордоди 18,9 миллион доллар, ки Институти миллии аллергия ва бемориҳои сироятӣ  бо «Greffex» моҳи сентябри соли 2019 барои  мубориза бо бемориҳои сироятӣ ба  имзо расонда буданд, таҳия шудааст.

-Ҳамчунин маълум гардид, ки коронавируси COVID-19  метавонад бе ягон нишонаи беморӣ  паҳн шавад. Аввалин ҳолати чунин сироят дар Чин ошкор шуд, — хабар медиҳад «Садои Амрико».

Зани 20-солаи чинӣ  аз Ухан, ки маркази  коронавируси  COVID-19 гардидааст, ба шаҳри  дигар,  қариб 700 км дуртар ба самти шимол рафта, онҷо  5 хешовандашро сироят намудаастт. Дар ҳамаи панҷ нафар ин беморӣ пайдо гаштааст, вале то 11 феврал дар бадани ин зан ягон нишонаи он  ҳувайдо набуд.

Тадқиқоте, ки дар маҷаллаи  «Journal of the American Medical Association»  нашр гардидааст, нишон медиҳад, ки эҳтимоли сирояти вируси бенишона  метавонад мубориза бо онро душвор созад.

Февраль 24, 2020 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид