Дар Кувайт бори аввал се ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд

Февраль 25, 2020 11:37

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе дар  Кувайт бори аввал  се ҳолати гирифторшавӣ ба  коронавируси нав   ба қайд гирифта шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора агентии KUNA бо истинод ба вазорати тандурустии ин кишвар  иттилоъ додааст. 

Зикр мегардад, ки тамоми сироятёфтаҳо аз шаҳри Машҳади Эрон, ки қаблан онҷо  хуруҷи ин беморӣ  рух дода буд,  омадаанд. Мувофиқи гуфтаи табибон, яке аз  сироятёфтагон шаҳрванди 53-солаи Кувайт, дуюмӣ  сокини 61-солаи Арабистони Саудӣ буда, шаҳрвандии  шахси сеюм- бемори 21-сола ҳанӯз муқаррар нашудааст. Беморон зери назорати доимии    табибон қарор доранд, хабар медиҳад Арменпресс бо истинод ба ТАСС.

Февраль 25, 2020 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад
Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид
Дар Улан-Батор хуруҷи бемории вабои бубонӣ сабт гардид