Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 10 ҳазор дарахт мешинонанд

Февраль 1, 2020 08:50

ДУШАНБЕ. 01.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар  маъракаи умумиҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, ки дар ноҳия ҳамасола аз охирҳои моҳи январ оғоз гардида, то моҳи апрел идома меёбад, шинонидани  беш  аз 10 ҳазор дарахтони гуногуни сояафкан, мевадиҳанда ва ороишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ин матлабро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Тоҳир Қудратзода зимни нишасти матбуотии ин мақомот баён намуд.

Дар нишасти мазкур  гуфта шуд, ки  соли 2019  корхонаҳои саноатии  ноҳияи Ҷаббор Расулов  ба маблағи 231 млн. 462,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2018  32 млн. сомонӣ зиёд аст.  Ифтитоҳи коргоҳи «Органик Ян», ки  ба истеҳсолии коркарди нахи пахта ва ресандагӣ машғул аст,  130 нафар занонро  ба кор  фаро гирифта, барои ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтани он замина гузошт. Ҳамзамон барои татбиқи 6 лоиҳаи давлатӣ дар ин давра баҳри рушди соҳаҳои мухталифи ноҳия 20 млн 900 ҳазор сармоя ҷалб карда шудааст

Тоҳир Қудратзода дар бораи корҳои омодагӣ  ба таҷлили ҷашни  30- солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ  дода, аз ҷумла гуфт, ки  аз  427 банди  нақша- чорабиниҳои ноҳия бахшида ба ин ҷашни таърихӣ   256 банди он  иҷро гардид.

«Айни замон  141 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта,  дар ин замина 414 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардиданд, ки аз  ин теъдод  256 нафарро  занон  ташкил медиҳанд»,-афзуд номбурда

Ҳамзамон вобаста ба омодагиҳо ба  чорабинии муҳимми оммавию сиёсӣ-интихоботи вакилони халқ  иттилоъ дода  шуд, ки имрӯз дар ноҳия 40 ҳавза ва 43 участкаи интихоботӣ ташкил  гардида,  1 март наздики  110 ҳазор нафар сокинони ноҳия дар овоздиҳӣ  иштирок  менамоянд.

Баъди анҷоми  нишасти хабарӣ  иҷрокунандаи раиси ноҳия бо иштироки бевоситаи  20 нафар рӯзноманигорон дар майдони «Нишон»-и    ноҳия  беш аз 15 бех ниҳоли арча шинонидаанд.

Февраль 1, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд