Дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Занон ва интихобот» конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Занон ва интихобот»- таҳти ин унвон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба маъракаи сиёсии Интихобот-2020 бо иштироки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси Шӯрои соҳибкорони назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Ӯроқова ва фаъолзанони ҷумҳурию шаҳри Ҳисор конференсия баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози Истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Махсусан, пешбарӣ гардидани шумораи зиёди номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон низ аз ташаббусҳои рӯзафзуни Президенти мамлакат мебошад.
Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ маҳз бо шарофати ҳамовозию дастгирии фаъолияти занони Тоҷикистон мавқеи устувор пайдо кард. Зеро дар ҳамаи ҷашнвораҳои муҳими сарнавиштсози даврони истиқлолият занони Тоҷикистон нақши созанда ва ибратбахш дошта, хеле фаъоланд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор Миҷгона Раҳимӣ, дар шаҳри Ҳисор шумораи умумии занон 158 ҳазору 134 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 11 ҳазору 331 нафар занони соҳибмаълумот мебошанд. Имрӯзҳо 1 нафар зан номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар занон номзад ба вакили шаҳрӣ, 115 нафар занон номзад ба вакили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пешбарӣ шудаанд, ки аз ин шумора 98 нафарашон ҷавонон мебошанд.
Дар конференсияи мазкур занони фаъоли шаҳри Ҳисор баён доштанд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо метавонад дар замири шаҳрвандон эҳсоси дӯстдории Ватан ва худшиносию худогоҳии миллиро дучанд намояд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода дар якҷоягӣ бо занони фаъол зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор аз қисми низомии №0124 дидан намуда, сарбозонро ба ифтихори 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 шумора адабиёти муосир ба китобхонаи қисми низомӣ, маводи хӯрокӣ ва ба 5 нафар сарбоз барои хизмати содиқона Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Баъдан ҳайати меҳмонон бо ҳаёти сарбозон, шароити зисти онҳо дар хобгоҳ, ҳолати ошхона, нонпазхона, анбори нигаҳдории маводи хӯрокӣ ва китобхонаи қисми низомӣ шинос шуданд.
Ҳамчунин Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода ва ҳайати бонувон бо фаъолияти гирандагони гранти Президентӣ дар соли 2019 дар шаҳри Ҳисор шинос шуданд.
Гулҷаҳон Раупова- ғолиби озмун ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ барои 12 нафар ҷавондухтарон ва занони бекор маркази ҳунаромӯзӣ таъсис додааст. Дар марказ онҳо ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, ба рушди ҳунарҳои миллӣ, аз қабили кӯрпаю кӯрпачадӯзӣ, куртадӯзӣ бо ороишоти замонавӣ ва дӯхти ҷиҳози арӯсон машғул мебошанд.
Раиси Кумита аз фаъолияти ин марказ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ҷалби бештари духтарон аз оилаҳои ниёзманд ва маъюбон тавсияҳои судманд дод.










Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд






