Дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Занон ва интихобот» конференсия баргузор гардид

Февраль 22, 2020 10:32

ДУШАНБЕ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Занон ва интихобот»- таҳти ин унвон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба маъракаи сиёсии Интихобот-2020 бо иштироки  раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси Шӯрои соҳибкорони назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Ӯроқова ва фаъолзанони ҷумҳурию шаҳри Ҳисор конференсия баргузор гардид.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози Истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Махсусан, пешбарӣ гардидани шумораи зиёди номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон низ аз ташаббусҳои рӯзафзуни Президенти мамлакат мебошад.

Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ маҳз бо шарофати ҳамовозию дастгирии фаъолияти занони Тоҷикистон мавқеи устувор пайдо кард. Зеро дар ҳамаи ҷашнвораҳои муҳими сарнавиштсози даврони истиқлолият занони Тоҷикистон нақши созанда ва ибратбахш дошта, хеле фаъоланд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор Миҷгона Раҳимӣ, дар шаҳри Ҳисор шумораи умумии занон  158 ҳазору 134 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 11 ҳазору 331 нафар занони соҳибмаълумот мебошанд. Имрӯзҳо 1 нафар зан номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар занон номзад ба вакили шаҳрӣ, 115 нафар занон номзад ба вакили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пешбарӣ шудаанд, ки аз ин шумора 98 нафарашон ҷавонон мебошанд.

Дар конференсияи мазкур занони фаъоли шаҳри Ҳисор баён доштанд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо метавонад дар замири шаҳрвандон эҳсоси дӯстдории Ватан ва худшиносию худогоҳии миллиро дучанд намояд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода дар якҷоягӣ бо занони фаъол зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор  аз  қисми низомии №0124 дидан намуда, сарбозонро ба ифтихори 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 шумора адабиёти муосир ба китобхонаи қисми низомӣ, маводи хӯрокӣ ва ба 5 нафар сарбоз барои хизмати содиқона Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Баъдан ҳайати меҳмонон бо ҳаёти сарбозон, шароити зисти онҳо дар хобгоҳ, ҳолати ошхона, нонпазхона, анбори нигаҳдории маводи хӯрокӣ ва китобхонаи қисми низомӣ шинос шуданд.

Ҳамчунин Раиси  Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода ва ҳайати бонувон бо фаъолияти гирандагони гранти Президентӣ дар соли 2019 дар шаҳри Ҳисор  шинос шуданд.

Гулҷаҳон Раупова- ғолиби озмун ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ барои 12 нафар ҷавондухтарон ва занони бекор маркази ҳунаромӯзӣ таъсис додааст. Дар марказ онҳо ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, ба рушди ҳунарҳои миллӣ, аз қабили кӯрпаю кӯрпачадӯзӣ, куртадӯзӣ бо ороишоти замонавӣ ва дӯхти ҷиҳози арӯсон машғул мебошанд.

Раиси Кумита аз фаъолияти ин марказ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ҷалби бештари духтарон аз оилаҳои ниёзманд ва маъюбон тавсияҳои судманд дод.

 

Февраль 22, 2020 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таълимӣ ва маркази саломатиро ба истифода дод
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросон иншооти таъйиноти гуногунро ифтитоҳ намуд
«СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040». Доир ба амалишавии он ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 Тоҷикистон мизбони Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Пагоҳ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир мегардад
ОМОДАГӢ БА САРМО. Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт ба зимистонгузаронӣ тайёр мебошанд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар Хоруғ мусобиқаи қаиқронӣ доир шуд
Дар мавзуи тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамоиш баргузор гардид
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Ба истиқболи Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун баргузор мегардад
1 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Ҳар нигоҳ ва ҳар сухану насиҳатҳои онҳо нуре дар торикии шаб ва гармие дар сардиҳои зиндагии насли имрӯза аст
Рамзи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия тасдиқ гардид