Дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат китобхона таъсис ёфт

Февраль 14, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои  дастуру супуришҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  роҳбарияти  шуъбаи Вазорати корҳои дохилии  шаҳри Ваҳдат  дар бинои шуъбаи мазкур китобхонаи муосир таъсис доданд. Дар  китобхонаи мазкур зиёда аз 1500  адад китобҳои илмӣ, бадеӣ, сиёсӣ, таърихӣ, журналу маҷаллаҳо ва дигар дастуру барномаҳои таълимӣ ҷой дода шудаанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, китобхона макони илмӣ-таҳқиқотӣ, фарҳангӣ-иттилоотӣ маҳсуб шуда, ба кормандони милитсия имкон медиҳад, ки барои дарёфти иттилоот аз он пурсамар истифода намоянд.

Роҳбарияти шуъба ба  масъулин дастур доданд, ки барои ҷалби кормандон, махсусан насли ҷавони милитсия, бедор намудани завқи бадеӣ ва эстетикии онҳо дар ин макони  фарҳангӣ  ҳар гуна озмуну маҳфилҳо роҳандозӣ намоянд.

Зимни боздид ва шиносоӣ бо китобхонаи мазкур меҳмонон ва ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аз шароити муҳайёгардида дар китобхона ва толори он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Февраль 14, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад