Дар Теҳрон равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд

Февраль 15, 2020 12:27

ДУШАНБЕ, 15.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал   дар Теҳрон вохӯрии Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Ноиби Раиси Ҷумҳурӣ, Раиси Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон Ашрафи Бруҷердӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни ворхӯрӣ ҷонибҳо доир ба фароҳам овардани имконоти дастрасии олимону донишмандони ду давлат ба захоири китобҳои рақамӣ ва дастнависҳои мавҷуда, истифода аз асноди бойгонӣ дар пажӯҳишҳои таърихиву фарҳангӣ ва табодули таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар изҳори назар намуданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо роҳандозии ҳамкорӣ миёни мақомоти бойгонӣ ва китобхонаҳои миллии ду давлатро  ба нафъи равобити дуҷонибаи илмиву фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Февраль 15, 2020 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст