Дилмурод Давлатзода: «Зиёд намудани нафақаи маъюбон орзуи деринаи 30 ҳазор нафақахӯр мебошад»
ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зиёд намудани нафақаи маъюбон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — ин орзую умеди деринаи 30 ҳазор нафақахӯр мебошад,- иброз дошт 4 феврал зимни нишасти хабарӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода.
Ба зикри номбурда, нафақагирони маъюбе, ки тибқи қонуни пешина нафақаи паст мегирифтанд, шурӯъ аз моҳи сентябр нафақаи онҳо аввал 15 ва сипас 50 фоизи дигар зиёд карда мешавад.
«Бояд гуфт, ки ин на танҳо ба нафақагирони маъюби гурӯҳи 1 ва 2 дахл дорад, балки дар маҷмӯъ ин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба он нафароне, ки шароити бади зиндагӣ ва ягон сарчашмаи даромад надоранд, равона гардидаанд. Зиёд шудани нафақа дар хаҷми 15 фоиз ба тамоми нафақагирон дахл дошта, шурӯъ аз моҳи сентябр ин иқдом роҳандозӣ карда мешавад»,-гуфт Дилмурод Давлатзода.
Ёдовар мешавем, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 711 ҳазору 222 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд.








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»






