«Эмомалӣ Раҳмон – Президенти ману мо»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Февраль 13, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 13.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба баргузории интихоботи дарпешистодаи парлумонӣ, эълон гардидани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва хабару гузоришҳо аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки матбуоти даврии Тоҷикистон  давоми ҳафтаи сипаригардида нашр намудааст. Шарҳи мухтасари бархе аз матлабҳои инҳафтаинаи матбуоти даврии мамлакат пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи №28 (23 883) панҷшанбе, 6 феврали соли 2020  Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба эълон гардидани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» нашр намудааст.

Ҳардуи озмунҳо бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор гардида, сарпарасти онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Тибқи Амри Сарвари давлат ҷиҳати амалӣ кардани чорабиниҳои мазкур дар маҷмӯъ ҷудо гардидани 3 786 400 сомонӣ ( се миллиону ҳафсуду ҳаштоду шаш ҳазору чорсад сомонӣ) дар назар дошта шудааст.

Дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи 11 феврал нашргардидаи рӯзномаи «Ҷумҳурият»- №31 (23886) зери сарлавҳаи «Эмомалӣ Раҳмон –Президенти ману мо» бардошти хонанда аз вохӯриҳои самимонаи Сарвари давлат бо сокинони минтақаи Рашт нашр гардидааст, ки ба қалами Акбар Ризвонов мансуб аст.

«Ҳангоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт (24-26 июни соли 2019) вохӯриҳои ҳаяҷонбахшу самимии Сарвари давлат бо сокинони минтақа сурат гирифтанд, ки дер гоҳ аз ёди мардум зудуда намешаванд, – нигоштааст муаллиф ва ин гуфтаро сабаби асосии навиштани таассуроти худ унвон кардааст.

Муаллиф чунин нигоштааст, ки дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияҳои номбурда лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш хеле бисёр буданд. Аз ҷумла, ӯ ёдовар шудааст, ки ҳангоми супурдани туҳфаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бо расми якҷояи модару фарзанд Сарвари давлат, ки аз овони  ҷавонӣ ва заҳмати модар ёд оварданд, суханони пурҳикмати Президенти мамлакат хеле муассир буданд.

«Хизмати падару модар вазифаи муқаддас аст ва онро набояд фаромӯш кунему серкориву вақт надоштани худро баҳона пеш орем. Як умр агар хизмати модарро ба ҷо орем, ба якшаба заҳмати бехобии ӯ баробар шуда наметавонад. Вақте мактаби миёнаро хатм намудам, модарам ба падарам рӯ оварда гуфт: «Дуо диҳед, писарамон хонданӣ равад. Ҳамаи корҳоеро, ки ӯ ба ҷо меоварад, мисли нигоҳубини молу гов, алафдаравӣ, корҳои ҳавлӣ ва монанди инҳоро худам иҷро мекунам». Падарам розӣ шуданду дуо доданд. Дувоздаҳ сари сол падарамро дар бистари беморӣ нигоҳубин намудам. Аз хизмати падару модар ҳеҷ гоҳ наҳаросед, дур набошед, дуои некашонро, албатта, гиред. Чандин маротиба Ҳаҷ рафтан шарт нест. Ба ҷои он дуои падару модарро гиред. Биҳишт дар зери қудуми модарон аст. Дар хотир дорам, модарам ҳамаи корҳои вазнини хонаро саришта карда, ба ҳама душвориҳо тоб оварда, қариб аз ҳеҷ чӣ барои мо хӯрок омода мекард. Аз дунё ягон чиз талаб накард, на тиллову танга, балки аз Худованд фақат хушбахтии фарзандонашро мехост»,- навиштааст Акбар Ризвонов.

Хонандагони ин рӯзнома имкон доранд дар шумораи №32 (23 887) чоршанбе, 12 феврали соли 2020 матлаберо таҳти унвони «Интихобот. Куҳансолтарин сокини ноҳияи Кӯшониён раъйашро муҳим медонад» мутолиа намоянд. Дар ин мавод оид ба зане нақл мешавад, ки зиёда аз 100 сол умр дида, мехоҳад дар интихоботи парлумонӣ фаъолона ширкат варзад.

Дар ин мавод чунин мехонем: «Чуҳригул Латифова, сокини деҳаи ба номи Садриддин Айнии ноҳия, имсол баҳори 103 — юмин умри худро ба сар бурда, бо интизорӣ аз рӯзҳои башумор мондаи интихобот иштирок ва раъйи худро дар ин маъракаи сиёсӣ муҳим мешуморад».

Ин пири рӯзгордида,- гуфта мешавад дар идомаи мавод, ба шарофати меҳнати софдилонааш дар ҷомеа соҳиби эҳтиром аст. «Дар тӯли ҳаёт ва даврони гуногуни таърихии паси сар намудаи хеш маҳз овони соҳибистиқлолии  мамлакатро беҳтарин даврони зиндагии худ мешуморад. Бо изҳори қаноатмандӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли ҷавонро ба саҳмгузорӣ дар ободу пешрафти Ватан даъват намуда, иштироки пиру барнои мамлакатро дар интихобот мояи суботу ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз меҳисобад», — навиштааст хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Анвар Ҳафиз.

Хабарнигорони рӯзнома дар ин ҳафта аз раванди нишастҳои матбуотии мақомоти давлатӣ, омодагиҳо ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони  халқи ноҳия ва вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабару гузоришҳои зиёд нашр намудаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» дар шумораи ҳафтаи сипаригардида нашрнамудаи худ  дар баробари нашри хабарҳо оид ба таъйиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ ва дигар вазорату идораҳо инчунин оид ба омодагӣ ба баргузории интихоботи парлумонӣ ва раванди нишастҳои матбуотӣ хабару гузоришҳои сершумор нашр намудааст.

Аз ҷумла, дар шумораи №19 «Садои мардум» аз (4125) сешанбе, 11 феврали соли 2020 оид ба фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» гузориш нашр гардидааст, ки ба қалами хабарнигори рӯзнома Далер Мерганов тааллуқ дорад.

Муаллиф дар зери сарлавҳаи «Амонатбонк» дар соли 2019 яке аз беҳтарин андозсупорандагон эътироф гардид», аз ҷараёни нишасти матбуотии ин ниҳод гузориш омода намудааст, ки дар он чунин мехонем:  «Давоми сол тариқи кортҳои пардохтии «Амонатбонк» 7,7 миллиард сомонӣ мубодила ва ба амонатгузорон 101 миллион сомонӣ ҳамчун фоиз дастрас шуд».

Хабарнигори рӯзнома бо истинод ба суханони Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ навиштааст, ки соли сипаригашта бонк 80,6 млн. сомонӣ андозу маблағи дигар уҳдадориҳоро ба буҷет пардохт намуд.

«Бақияи пасандози шахсони ҳуқуқию воқеӣ то 31 декабри соли гузашта 3,4 млрд. сомониро ташкил дод ва бояд гуфт, ки  бонк аз рӯи ин нишондиҳанда дар низоми бонкии кишвар яке аз пешсафон аст. Бақияи пасандозҳои аҳолӣ ба 1,5 млрд. сомонӣ расид, ки 44 дарсади ҳаҷми  умумии амонатҳоро ташкил медиҳад», — навиштааст Далер Мерганов.

Тибқи нигоштаи муаллиф, дар давраи мавриди назар бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ меъёри фоизи қарзҳои ба ин самтҳо пешниҳодшаванда 2 банди фоизӣ паст карда шуд. Илова бар ин, пешниҳоди қарзҳои изофабардошт (овердрафтӣ) тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ самти афзалиятноки фаъолият эътироф ва тартиби пешниҳод сода,  муҳлати истифодаи он то 60 рӯз тамдид гардид.

Дар шумораи навбатӣ  нашрияи расмии русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» №7 (12 феврали соли 2020,)  мавод оид ба тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расидааст.

Инчунин дар рӯзнома Амрҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,  «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва дар бораи нашри китоби «Тоҷикон» — и Бобоҷон Ғафуров рӯи чоп омаданд.

Дар рубрикаи «Интихобот —  2020» маводи  «Политическая культура и политическое участие масс в выборах», «Глава ЦКВР провел встречу с делегацией Исполнительного комитета СНГ», «Таджикистан готовится к выборам», «Каждый избиратель голосует лично», «Согд: в Спитамене  готовятся к выборам» и «Вопросы проведения выборов обсудили в Москве» ба нашр расидаанд.

Инчунин дар ин шумораи «Народная газета» мусоҳибаи сармуҳаррири рӯзнома Маҳбуба Камолова бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов ба нашр расида, ба Рӯзи дипломатия бахшида шудааст.

Нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Мароми  пойтахт» дар шумораи навбатии худ №6 (12 феврали соли 2020) хабару гузоришҳои зиёдеро оид ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ба нашр расонидааст.

Хонандагон метавонанд дар саҳифаи аввали рӯзнома бо барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 25-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Рустами Эмомалӣ шинос шаванд.

«Миллати тоҷик аз умқи таърих дорои фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ буда, пайваста бо урфу одатҳои нотакрори хеш олами башариятро мафтун ва тасхир намудааст. Тоҷикистон ҳамчун як  ҷумҳурии  соҳибихтиёр таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иқдомҳои фарогири ҳаёти инсонӣ ҷойгоҳи худро дар сатҳи байналмилалӣ устувор намояд ва ҳамчун давлати  сулҳпарвар ва мубориз алайҳи терроризм ва экстремизм дар минтақа шинохта шавад. Мо пайваста кӯшиш менамоем бо муттаҳидӣ ва сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон сиёсати устуворро бо амалишавии 4 самти стратегии мамлакат амалӣ намуда, беш аз ҳарвақта қувваи худро баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум равона карда, Тоҷикистонро ба як давлати обод ва тараққиёфтаи ҷаҳон табдил диҳем. Натиҷаи ин ҷасорат ва гузаштан аз имтиҳонҳои сахти давлатсозӣ буд, ки мо баробари ба истифода додани ду чархаи НБО-Роғун имрӯз дар қатори 6 давлати  дорандаи иқтисодиёти сабз қарор гирифтаем»,- омадааст дар барномаи пешазинтихоботии Рустами Эмомалӣ.

Рустами Эмомалӣ дар идомаи муроҷиати худ чунин баён доштааст:

Ҳамватанони азиз!

«Ҳадафи асосии ман монанди ҳар яки шумо саҳмгузорӣ дар таъмини инкишофу пешрафти ҷумҳурӣ ва пойтахти он- шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани барномаи пешазинтихоботии худ ба хотири ояндаи нек ва дурахшони миллати азизамон мебошад!».

Нашрияи «Мароми пойтахт» дар ин шумора идомаи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар бораи  вохӯрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо интихобкунандагон хабару гузориш нашр намудааст.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд