ФУТБОЛ: «Хуҷанд» бо дастаи «Локомотив» -и Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом дод
ДУШАНБЕ, 05.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Хуҷанд»- и Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2020 бо дастаи «Локомотив»-и Ӯзбекистон бозии дӯстона доир кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин рақобат футболбозони тоҷик бо натиҷаи 3:0 мағлуб шуданд. Ёдовар мешавем, ки якчанд рӯз пеш дар доираи марҳилаи муқаддамотии Лигаи чемпионҳо дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Локомотив»-и Ӯзбекистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.
«Локомотив» (Ӯзбекистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 3:0.
Голҳо: Марат Бикмаев, 15 (1:0), Кирил Погребняк, 33 (2:0), Темурхоҷа Абдухолиқов, 56 (3:0).
«Хуҷанд» (Тоҷикистон): Мамир Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Алишер Баротов, Абдуғаффоров Ойбек, Чақалов Фирдавс, Комрони Мирзонажод, Бахтиёр Чориев, Аҳрор Умарҷонов, Фатҳулло Фатхуллоев, Саидхоҷа Муҳаммадшариф, Бозоров Дилшод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






