Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ кушода шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз тармаҳо тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ таъмин аст. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то дар наздиктарин фурсат ҳаракат дар роҳ аз ҳарду ҷониб имконпазир гардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати мазкур Далери Абдулло хабар дод.
Ёдовар мешавем, шурӯъ аз 9 феврал то инҷониб бинобар шадид ва беист будани бориши барф дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ зиёда аз 30 тарма ба қайд гирифта шудааст, ки калонтарини он 30 метр паҳноӣ ва қариб 10 метр баландӣ дорад. Бинобар ҳолати бавуқӯъомада, дар мувофиқа бо Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилӣ ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи мошингарди мазкур муваққатан қатъ шуда буд.
Ба иттилои Далери Абдулло, «то ҳанӯз хатари тармафароӣ дар ин минтақа мавҷуд буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд».
Бояд гуфт, ки роҳи Душанбе–Чаноқ аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон гузашта, дар муқоиса бо дигар роҳҳои мамлакат аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла, тармафароӣ, лағжидани кӯҳпора, сангфароӣ ва омадани сел зиёдтар осебпазир аст.
Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи ронандагон ва мусофирон хоҳиш менамояд, ки махсусан дар чунин рӯзҳо бояд дучанд эҳтиёт кунанд. Ронандагон пеш аз баромадан ба сафар мошинҳои худро пурра аз назорати техникӣ гузаронда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






