Хуршед Икромӣ: «ММТ ба довталабоне, ки хизмати ҳарбиро анҷом додаанд, баъди супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ 75 бал медиҳад»
ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестӣ ба довталабоне, ки хизмати ҳарбиро анҷом додаанд ва ба Марказ ҳуҷҷатҳояшонро месупоранд, новобаста аз интихоби ихтисосҳояшон баъди супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ 75 бал медиҳад. Дар ин бора директори Маркази миллии тестӣ Хуршед Икромӣ 13 феврал дар Душанбе зимни нишастӣ матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Х.Икромӣ ҳамчунин иброз дошт, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми Имтиҳонҳои Марказонидаи Дохилшавӣ (ИМД) тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳониро вобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳо бо дарназардошти танҳо як маротиба имтиҳон супоридани довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ- синфи 11, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия намудааст.
«Тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, ки тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст, дар муқоиса бо тарҳи пешин бартариҳое дорад, ки ба манфиати довталабон аст»,- гуфт номбурда.
Ба гуфтаи Х.Икромӣ, тарҳи нав аз қисми А (имтиҳони умумӣ), ки онро солҳои пеш ҳамаи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ- синфи 11, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ месупориданд, танҳо як субтест – «Забони тоҷикӣ» ва аз қисми Б (имтиҳони ихтисос)-и солҳои пеш се субтести дигари вобаста ба ҳар гурӯҳи ихтисосҳо пешбинишуда дар як қисм (тибқи номи нав: А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) дохил карда шуд. Яъне, аз имтиҳони умумии солҳои пеш ду субтести охири он 2-юм – «Математика» ва 3-юм – «Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ба тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ дохил нагардидааст.
Ҳамин тариқ, довталабони мазкур аз рӯйи ихтисосҳое, ки солҳои пеш супоридани ҳар ду қисм – А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос)‑ро талаб мекарданд, аз соли 2019‑ум танҳо як қисми имтиҳон – А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии синфи 11‑ро бояд супоранд. Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) аз чор субтест иборат аст, ки фанҳои онҳо, ба истиснои субтести «Забони тоҷикӣ», ки барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо субтести умумӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо вобастаанд.
Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии татбиқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ дар низоми ИМД коҳиши сарборӣ ва фишори равонӣ ба хатмкунандагон аст, ки дар як фосилаи замонии кӯтоҳ аз соли таҳсили 2018-2019 бояд аз якчанд фан ҳам дар аттестатсияи хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳам дар ИМД имтиҳон месупориданд. Чунин тарҳ барои хубтар омода шудани довталабон ба имтиҳонҳои мазкур имконияти бештар фароҳам меорад. Бартарии дигари тарҳи нав дар он ифода меёбад, ки муҳлати эълони натиҷаи имтиҳон 7 рӯз пеш муайян мегардад.
Ҳамчунин Марказ барои хатмкунандагон охири соли 2019 имтиҳонҳои озмоиширо бо иштироки хатмкунандагони синфҳои 11 ва 9‑и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ доир намуд. Ҳадаф аз баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ шинос кардани хатмкунандагон бо тартиби имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, тарзи иҷрои тест ва пур кардани варақаи ҷавобҳост.
Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис ёфта, мақсади асосии он шаффоф гузаронидани Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мебошад.








Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ. Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд
«САДОИ ВАҲДАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти байналмилалӣ баргузор мешавад
Муовини Сарвазири Бошқирдистон дар Осорхонаи миллӣ бо марҳилаҳои рушди давлатдории тоҷикон шинос гардид
Доир ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҳти унвони «Забон — рукни муҳими Ваҳдати миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мешавад
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд






