ИНТИХОБОТ-2020: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 36 нафар мушоҳидони байналмилалиро ба қайд гирифт

Февраль 5, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ ҷиҳати таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 36 нафар мушоҳидони байналмилалиро  ба қайд гирифта, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супоридааст.

Дар ин бора аз КМИР ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба маълумоти манбаъ, ин мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Беларус ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мебошанд.

Имрӯз низ зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи аккредитатсияи миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар ҳайати 8 нафар ва аз Ҷумҳурии Беларус дар ҳайати 2 нафар мушоҳиди байналмилалӣ қабул гардид.

Аккредитатсияи дигар мушоҳидони байналмилалӣ идома дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созмонҳои байналмилалӣ барои иштироки мушоҳидон даъватнома фиристода буд.

Дар назар аст, ки  ҷараёни баргузории ин маъракаи сиёсиро мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида кунанд.

Февраль 5, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид