Интизор меравад, ки муҳлати хизмат дар сафи Артиши миллӣ аз 2 ба 1,5 сол кам карда шавад
ДУШАНБЕ, 7.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб кардани ҷавонон барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ муҳлати он аз 2 ба 1,5 сол кам карда шавад. Ин иттилоъ имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
«Ин масъала тӯли чанд сол аст, ки мавриди баҳс қарор дорад. Дар робита ба ин аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдор гурӯҳи корӣ ташкил гардида буд. Ҳоло лоиҳаи қонун дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст. Дар лоиҳа кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ ва шаклҳои дигари хизмат низ пешниҳод шудаанд»,-илова намуд муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абуманнон Холиқзода.
Бино ба маълумоти номбурда, дар лоиҳа инчунин хизматҳои алтернативӣ низ пешбинӣ шудаанд, ки чунин хизматҳои алтернативӣ дар таҷрибаҳои дигар давлатҳо ҳастанд.
Ин лоиҳа аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






