IRS: ҳаракати ҳама гуна нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ таъмин аст
ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, гузариши мошинҳои бордондор дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ки муваққатан боздошта шуда буд, чанд лаҳза пеш дубора таъмин гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Бино ба иттилои Д. Абдулло, бориши барф дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз субҳи имрӯз шурӯъ гашта, тозакунии роҳ аз барф ва коркарди он аз ҷонби кормандони IRS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баъзе қитъаҳо бо маводи зиддилағжиш бомаром идома дорад.
Ширкат аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар масири мазкур бодиққат бошанд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро таъмин намоянд.








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






