КИТОБИ НАВ: Нигоҳи илмӣ ба масъалаҳои мубрами рушди миллӣ
ДУШАНБЕ, 04.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе нашри дуюми такмилёфтаи китоби дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода бо номи «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар ҳаҷми 640 саҳифа ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад.
Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ – гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, татбиқи амалии омӯзаҳои мактаби сиёсии Пешвои миллат, таъмини рушди устувору босуботи мамлакат дар арсаҳои мухталиф ва ба ин хотир фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ бахшида шудааст.
Асари мазкур барои олимон, омӯзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва дар маҷмӯъ, доираи васеи хонандагон иншо гардидааст.
Шакли электронии онро аз сомонаи интернетии Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайдо кардан мумкин аст.








Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад






