Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2020. /АМИТ АМИТ «Ховар»/. Вакилони мардумӣ Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав қабул намуданд, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, масъалаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Душанбе доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лоиҳаи зикргардидаро муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода ва вакили мардумӣ Олимҷон Сафаров шарҳ доданд.
Ба иттилои Ҷамшед Шоимзода, лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ҷиҳати иҷрои банди 5 нақшаи чорабиниҳои «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2025» таҳия гардидааст.
«Кодекси амалкунандаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000 қабул гардида, ягона ҳуҷҷате ба ҳисоб меравад, ки бо назардошти сохтори қаблан мавҷудаи идоракунии давлатӣ дар соҳаи об танзими муносибатҳои обиро дар соҳаҳои истифода ва ҳифзи захираҳои об, аз ҷумла, муносибатҳо дар соҳаи таъминоти оби нӯшокиро таъмин менамуд»,- афзуд мавсуф.
Ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи он аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, инчунин таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодаи об мақсадҳои асосии Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Лоиҳаи Кодекси баррасишуда аз 13 боб ва 95 модда иборат буда, дар он масъалаҳои марбут ба вазифаҳо ва принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об, танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи истифода ва ҳифзи зихираҳои обӣ ва дигар муқаррароти соҳавӣ муайян гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ ва қабул гардид.








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






