Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Дирафши коваёнӣ»-и Ҳаким Фирдавсиро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 29.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 28 феврал дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши «Дирафши коваёнӣ» аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба саҳна гузошта шуд. Дар ин рӯз кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона бо фарзандонашон ба тамошои намоиш омаданд.
Мавриди зикр аст, ки аҳли кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо фарзандон ва пайвандони худ дар намоишҳои Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии академии драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иштирок менамоянд. Ин навбат онҳо баъд аз соати корӣ ба тамошои намоиши «Дирафши коваёнӣ»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ рафтанд.
Намоиши «Дирафши коваёнӣ» аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи муаллиф ва коргардони шинохта Нозим Меликов таҳия гардидааст.
Ба саҳна овардани ин намоиш аз ҷониби коргардон Нозим Меликов бори дигар ҳушёр додани аҳли башар ба ҷавҳари худ, яъне хирад аст. Тавре аз тамошои намоиш бинанда воқиф мегардад, чӣ гуна Шоҳ Ҷамшед бо як амали бехирадонаи худ ҳамаро зеру забар мекунад. Ва ин ба он овард, ки мардум пайи эҳсос ва хашм, ки бештар инсонро аз хирад дур хоҳад кард, девнажод Заҳҳокро подшоҳи худ таъйин мекунанд. Заҳҳоке, ки ҳирси молу ҷоҳ ӯро бандаи шайтон кард ва барои амалӣ кардани ҳадафҳои бади худ дар ин роҳ ҳатто падари худро мекушад.
Нақшҳои асосиро ҳунармандон Бунёд Комилов, Аҳлиддин Ҳасанов, Қамариддин Мирзоев, Абдумуъмин Шарифӣ, Моҳпайкар Ёрова, Зарина Бадалова, Ватандор Шеров ва Сӯҳроб Ҷанҷолов бо маҳорати баланд бозидаанд.
Ба андешаи муаллиф, мавзӯи асар имрӯз барои ҷомеаи мо ва аҳли башар хеле муҳим ва зарурист. Мақсади муаллиф ва коргардон муроҷиат ба мардуми мамлакат, бахусус ҷавонони ватандӯст мебошад, ки нисбат ба ояндаи худ бетафовут набошанд, балки пайваста рӯ ба илму ҳунар ва маърифату хирад оранд.
Мавриди зикр аст, ки намоиши мазкур соли 2019 дар Фестивали байналмилалии театрҳо, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, миёни чор давлати Осиёи Марказӣ Шоҳҷоизаи асосӣ ба даст овард.
Ҳамчунин соли 2017 «Дирафши коваёнӣ» сазовори Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» гардида буд. Намоиш то имрӯз ҳаводорони зиёде дорад, аз ин рӯ ҳунармандон тасмим гирифтаанд, ки онро бори дигар ба саҳна гузоранд.
Тавре дар суҳбат бо мо ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Толибҷон Бобоев иброз намуд, театр аз мушкилтарин ва муассиртарини навъи санъати ҳунарӣ маҳсуб меёбад. Зеро ҳадафи асосии мо- ин расонидани таъсири зинда бар зеҳну тафаккури инсонӣ ба воситаи ҳунар мебошад.
Номбурда зикр намуд, ки ҳунар рукни муҳиме аз ҳаёт ва фарҳанги одамӣ буда, таваҷҷуҳи фаровонеро ба худ ҷалб мекунад ва ҳаводорони зиёд дорад. Тасмиме, ки имрӯз кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаанд, барои дигарон сармашқ хоҳад буд.
Ҳамчунин дар даромадгоҳи театр аз ҷониби Нашриёти «Адиб» осори гаронарзиши адибони классик ва муосири тоҷик ба намоиш гузошта шуд.
Намоиш 1 соату 45 дақиқа идома ёфт ва аз ҷониби тамошобинон хуб пазироӣ гардид.











Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд
Имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт
Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид






