Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Дирафши коваёнӣ»-и Ҳаким Фирдавсиро тамошо намуданд

Февраль 29, 2020 12:10

ДУШАНБЕ, 29.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 28 феврал дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши «Дирафши коваёнӣ» аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба саҳна гузошта шуд. Дар ин рӯз кормандони  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона бо фарзандонашон ба тамошои намоиш омаданд.

Мавриди зикр аст, ки аҳли кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста бо фарзандон ва пайвандони худ дар  намоишҳои Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ,  Театри давлатии академии драмавии  опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иштирок менамоянд. Ин навбат  онҳо баъд аз  соати корӣ ба тамошои намоиши «Дирафши коваёнӣ»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ рафтанд.

Намоиши «Дирафши коваёнӣ» аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи муаллиф ва коргардони шинохта Нозим Меликов таҳия гардидааст.

Ба саҳна овардани ин намоиш аз ҷониби коргардон Нозим Меликов бори дигар ҳушёр додани аҳли башар ба ҷавҳари худ, яъне хирад аст. Тавре аз тамошои намоиш бинанда воқиф мегардад, чӣ гуна Шоҳ Ҷамшед бо як амали бехирадонаи худ ҳамаро зеру забар мекунад. Ва ин ба он овард, ки мардум пайи эҳсос ва хашм, ки бештар инсонро аз хирад дур хоҳад кард, девнажод Заҳҳокро подшоҳи худ таъйин мекунанд. Заҳҳоке, ки ҳирси молу ҷоҳ ӯро бандаи шайтон кард ва барои амалӣ кардани ҳадафҳои бади худ дар ин роҳ ҳатто падари худро мекушад.

Нақшҳои асосиро ҳунармандон Бунёд Комилов, Аҳлиддин Ҳасанов, Қамариддин Мирзоев, Абдумуъмин Шарифӣ, Моҳпайкар Ёрова, Зарина Бадалова, Ватандор Шеров ва Сӯҳроб Ҷанҷолов бо маҳорати баланд бозидаанд.

Ба андешаи муаллиф, мавзӯи асар имрӯз барои ҷомеаи мо ва аҳли башар хеле муҳим ва зарурист. Мақсади  муаллиф ва коргардон муроҷиат ба мардуми мамлакат, бахусус ҷавонони ватандӯст мебошад, ки нисбат ба ояндаи худ бетафовут набошанд, балки пайваста рӯ ба илму ҳунар ва маърифату хирад оранд.

Мавриди зикр аст, ки намоиши мазкур  соли 2019 дар Фестивали байналмилалии театрҳо, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, миёни чор давлати Осиёи Марказӣ Шоҳҷоизаи асосӣ ба даст овард.

Ҳамчунин соли 2017 «Дирафши коваёнӣ» сазовори Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» гардида буд. Намоиш то имрӯз ҳаводорони зиёде дорад, аз ин рӯ ҳунармандон тасмим гирифтаанд, ки онро бори дигар ба саҳна гузоранд.

Тавре дар суҳбат бо мо ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Толибҷон Бобоев иброз намуд, театр аз мушкилтарин ва муассиртарини навъи санъати ҳунарӣ маҳсуб меёбад. Зеро ҳадафи асосии мо- ин расонидани таъсири зинда бар зеҳну тафаккури инсонӣ ба воситаи ҳунар мебошад.

Номбурда зикр намуд, ки ҳунар рукни муҳиме аз ҳаёт ва фарҳанги одамӣ буда, таваҷҷуҳи фаровонеро ба худ ҷалб мекунад ва ҳаводорони зиёд дорад. Тасмиме, ки имрӯз кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаанд, барои дигарон сармашқ хоҳад буд.

Ҳамчунин дар даромадгоҳи театр аз ҷониби Нашриёти «Адиб» осори гаронарзиши адибони  классик ва муосири тоҷик ба намоиш гузошта шуд.

Намоиш 1 соату 45 дақиқа идома ёфт ва аз ҷониби тамошобинон хуб пазироӣ гардид.

Февраль 29, 2020 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид