Кормандони милитсия сокини шаҳри Душанберо бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир намуданд

Февраль 26, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони милитсия зани 27-солаи сокини кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанберо  бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки номбурда ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир гардидааст.

«Муайян гардид, ки шаҳрванд 24 феврал хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, бо ин роҳ аз марди 25 ва зани 20-солаи сокинони шаҳри Душанбе маблағи 300 сомониро чун мукофотпулӣ гирифтааст», —  омадааст дар иттилояи манбаъ.

Зимнан, 2 январи соли 2019 равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳоро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ба имзо расониданд. Дар ин миён ба Кодекси  ҷиноятӣ ва Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Аз ҷумла, ба моддаи 239 Кодекси ҷиноятӣ, ки ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ ном дорад, қисми 2 илова гардид. Тибқи он агар ҳамин кирдор такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол ҷазо дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

Февраль 26, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед