Маҳмадулло Раҷабзода: донишҷӯёни хориҷӣ таҳсилро ба ҳайси шунавандаи курси забони тоҷикӣ оғоз намуданд

Февраль 5, 2020 14:15

ДУШАНБЕ, 05.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи марти соли 2019 2 шаҳрванди Мексика ва 1 нафар аз Туркия дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳсилро ба ҳайси шунавандаи курси забони тоҷикӣ оғоз намуданд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи мазкур Маҳмадулло Раҷабзода зикр намуда, илова кард, ки имрӯз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон  бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои судманд дорад.  

Чунин робитаҳои судманд,- гуфт мавсуф, барои баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони соҳибтахассусу забондон ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат мусоидат менамояд.

«Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишкада — ин робитаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Феълан дар ин муассисаи олии таълимӣ зиёда аз 13 омӯзгори соҳибзабон фаъолияти педагогӣ мебаранд ва дар ин баробар 851 нафар донишҷӯи хориҷӣ низ таҳсил доранд»-, афзуд номбурда

Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 5 факултет, аз ҷумла,  филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Аврупо ва Осиё амал менамоянд, ки дар онҳо 4 ҳазору 939 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 8 нафар омӯзгор  ҷиҳати такмили ихтисос ва иштирок дар семинару симпозиумҳо ба Япония, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Озарбойҷон сафарбар гардидаанд.

Дар зинаи магистратура, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) 8 нафар, аз ҷумла, 4 нафар дар Япония, 1 нафар дар Ҳиндустон ва 3 нафар дар Федератсияи Россия таҳсил доранд.

Ҳамзамон 10 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи созишнома, 1 шаҳрванди Қазоқистон ва 1 шаҳрванди Туркманистон тариқи бурсия донишкадаро хатм намуданд.

Февраль 5, 2020 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд