Миёни Душанбе-Давҳа ва Душанбе-Мусқат роҳи ҳавоӣ ифтитоҳ мегардад
ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат ҷуғрофиёи парвозҳоро фарох гардонида, интизор меравад, ки дар оянда бо баъзе аз давлатҳои арабӣ, назири Қатар ва Салтанати Уммон хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ мемонад.
Дар ин росто, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки бо мақсади ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоӣ дар масири Душанбе-Давҳа байни маъмуриятҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар соли сипаригардида дар шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа вохӯрӣ доир шуд. Дар ин вохӯриҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкории судманди ҳар ду давлат дар бахши авиатсия, инчунин таҳияи Барномаи ҳамкории техникӣ миёни мақомоти ҳавонавардии мулкии ҳар ду давлат, роҳандозии парвозҳои боркашонӣ ва ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа баррасӣ гардиданд.
И.Субҳонзода афзуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат бо мақсади ифтитоҳи роҳҳои нави ҳавоӣ соли гузашта бо мақомоти ҳавопаймоии мулкии давлатҳои Россия, Қазоқистон, Гурҷистон ва Франсия низ гуфтушунидҳо доир гардиданд. Дар онҳо масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкорӣ дар бахши ҳавопаймоӣ матраҳ шуданд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки алҳол лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Финландия, Франсия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Аморати Муттаҳидаи Араб, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.








Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд
Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор гардид
Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрорӣ идома дорад
Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 — шарики боэътимоди сол» ҷамъбаст гардид
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ густариш медиҳанд
17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд






