Миёни Душанбе-Давҳа ва Душанбе-Мусқат роҳи ҳавоӣ ифтитоҳ мегардад

Февраль 7, 2020 13:45

ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон  бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат ҷуғрофиёи парвозҳоро фарох гардонида, интизор меравад, ки дар оянда бо баъзе аз давлатҳои арабӣ, назири Қатар ва Салтанати Уммон хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ба  роҳ мемонад.

Дар ин росто, директори Агентии  авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Икром Субҳонзода  дар нишасти хабарӣ дар Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки   бо мақсади ба роҳ мондани  парвозҳои мустақими ҳавоӣ дар масири Душанбе-Давҳа  байни  маъмуриятҳои авиатсияи граждании  Тоҷикистон ва Қатар  соли сипаригардида дар шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа вохӯрӣ доир шуд. Дар ин вохӯриҳо  масъалаҳои тавсеаи  ҳамкории судманди  ҳар ду давлат дар бахши авиатсия, инчунин таҳияи  Барномаи ҳамкории техникӣ миёни мақомоти  ҳавонавардии мулкии ҳар ду давлат,  роҳандозии парвозҳои боркашонӣ ва ифтитоҳи  хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ  байни Душанбе ва Давҳа баррасӣ гардиданд.

И.Субҳонзода афзуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар иртибот ба  Солҳои   рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат  бо  мақсади ифтитоҳи роҳҳои нави ҳавоӣ  соли гузашта бо мақомоти ҳавопаймоии мулкии давлатҳои Россия,  Қазоқистон, Гурҷистон ва Франсия  низ  гуфтушунидҳо доир гардиданд. Дар онҳо масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкорӣ дар бахши ҳавопаймоӣ матраҳ  шуданд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки  алҳол лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба  алоқаи ҳавоӣ  миёни Тоҷикистон ва Финландия, Франсия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Аморати Муттаҳидаи Араб, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ  дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.

Февраль 7, 2020 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид