Миёни иттифоқҳои рассомони Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси «Иттифоқи рассомон»-и Тоҷикистон Наргис Ҳамидова ва Раиси «Иттифоқи рассомон»-и Қазоқистон Умирбек Жубаниязов чанде қабл зимни мулоқот дар шаҳри Алматои Қазоқистон Созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз «Иттифоқи рассомон»-и Тоҷикистон хабар доданд.
Созишномаи мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ байни рассомони тоҷику қазоқ ва саҳми онҳо дар рушди ин санъати воло, иштироки фаъолона дар тарғиби фарҳанги ду давлат ба имзо расид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории эҷодӣ дар соҳаи санъати таълимӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ин дар ҳолест, ки 24 феврал дар Осорхонаи давлатии санъати ба номи А. Кастееви шаҳри Алматои Қазоқистон намоишгоҳи байналмилалии Фонди мустақили занони рассом “Тан-Шолпан” баргузор гардид. Дар кори он Раиси «Иттифоқи рассомон»-и Тоҷикистон Наргис Ҳамидова иштирок намуд.
Фонди мустақили занони рассом “Тан-Шолпан” соли 1998 бори нахуст ба қайд гирифта шуда буд ва ҳоло дубора ва бо ҳайати нав ба фаъолияти эҷодии худ шурӯъ намуд.
Айни ҳол ба Фонди мазкур рассомони касбӣ аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Австрия, Германия, Канада, ИМА, ки маълумоти олии рассомӣ доранду дар шаклҳои гуногуни санъат: рангу бор, графика, санъати ороишӣ ва ҳайкалтарошӣ асар меофаранд, шомил шудаанд.








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд






