Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати нозирони СҲШ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода ҳайати нозирони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти роҳбарии муовини Дабири кулл Нурлан Аккошкаровро, ки бо мақсади анҷом додани мониторинг ва мушоҳидаи раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ Зоҳир Саидзода омодагии вазоратро барои фароҳам овардани шароити мусоид бобати фаъолияти нозирони байналмилалӣ таъкид кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар доираи СҲШ мубодилаи афкор намуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид
Котиби кулли Конвенсияи Рамсар ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Шараф Шерализода бо Роҳбари Дафтари Федералӣ оид ба кишоварзӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амвол ва биноҳои Вазорати корҳои хориҷии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд






