Намояндагони дипломатии Тоҷикистон дар Россия масъалаи омодагӣ ба баргузории интихоботи дарпешистодаи вакилони Маҷлиси намояндагонро муҳокима намуданд
ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия Имомуддин Сатторов бо консули генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа мулоқоти корӣ анҷом дод.
Тавре аз маркази матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар доданд, дар ҷараёни видеоконференсия масъалаҳои асосии марбут ба баргузории интихоботи дарпешистодаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1 марти соли 2020) дар участкаҳои интихоботии ташкилгардида дар бинои Сафорати Тоҷкистон дар шаҳри Москва ва консулҳои генералӣ дар минтақаҳои Россия баррасӣ шуданд.
Роҳбари номояндагии дипломатӣ вазифаҳои асосиро дар назди комиссияҳои интихоботӣ муайян ва зарурати муҳайё намудани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботро баён намуд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои вобаста ба вазъи будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россияро муҳокима намуданд.








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






