ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок дар назар аст

Февраль 28, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 28.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Шабонарўзи наздик дар доманакўҳ ва минтақаҳои кўҳии вилоятҳои Хатлону Суғд эҳтимоли фаромадани сел пешгўӣ мешавад. Дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор (шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд) ва минтақаҳои кўҳии ноҳияҳои тобеи марказ (шоҳроҳи Нуробод- Сангвор) фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсў, Қизилсў (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об пешгўӣ мешавад. Инчунин дар ағбаҳо пайдоши қабати барф, яхбандӣ ва ҷамъшавии барфтўдаҳо дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят  борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол  аз самти  ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво  қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+3 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони майда меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 0-5  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 3+5 ва  рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 28, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид