ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, борон меборад
ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои водибуда борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнокшуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид






