Ғолибони «Озмуни дастархонороӣ» дар Душанбе муайян гардиданд

Февраль 19, 2020 10:32

ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахт даври шаҳрии  «Озмуни дастархонороӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он ғолибони 4 ноҳияи шаҳр, ки бо санъати баланд дар эҳёи анъанаҳои дастархонороӣ  саҳм гузоштанд, ҳунари худро пешкаши иштирокдорон намуданд. Ҳакамон  ғолибони озмунро  муайян карданд. Ҷойи якум   ба дастархонороёни ноҳияи Сино (маблағи 5000 сомонӣ), ҷойи дуюм ба ноҳияи Фирдавсӣ (3000 сомонӣ)  ва ҷойи сеюм ба ноҳияи Шоҳмансур  (1000 сомонӣ)  муносиб дониста шуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «Озмуни дастархонороӣ» дар се давр гузаронида шуда, ғолибони даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҳуқуқи иштирок дар сатҳи ҷумҳуриявиро пайдо  намуданд. Ҳунари иштирокчиёни озмун аз рӯи  сарфакорона ва  моҳирона оростани дастархони зебо,  риояи анъанаҳои миллӣ ҳангоми  оростан  ва ба замона мутобиқат намудани   он баҳогузорӣ гардид.

Озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2020 доир гардида, ҳадафи он сарфакорона ва моҳиронаву ҳунармандона оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо  маҳсуб мешавад.

Миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст.

Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таъомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандони он на фақат маъракаҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукӯҳи идонаи миллиро зебу зиннати хоса мебахшад.

Февраль 19, 2020 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд