Ҷоми ФФТ насиби кӣ мегардад? Барои ба даст оваридани он 8 даста талош мекунанд
ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз мегардад. Барои ба даст овардани ҷом ҳашт даста талош мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар марҳилаи ниҳоӣ дастаҳои футболи КМВА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир»-и Душанбе, «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Равшан»-и Кӯлоб ба гурӯҳи «А» ва дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Душанбе-83»-и Душанбе, «Эсхата»-и Хуҷанд ва «Хатлон»-и Бохтар ба гурӯҳи «Б» ворид гардиданд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.
Бинобар сабаби гузаронидани ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Туркия дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе наметавонад дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ иштирок кунад. Ба ҷои он дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар даври муқаддамотӣ дар гурӯҳи «А»-и минтақаи Душанбе ҷои сеюмро ишғол карда буд, мусобиқаро идома медиҳад.
Ҷоми ФФТ-2020
Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»: КМВА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир», «Истаравшан», «Равшан».
Гурӯҳи «Б»: «Кӯктош», «Душанбе-83», «Эсхата», «Хатлон».
Тақвими бозиҳо
Даври 1
21 феврал (ҷумъа)
11:00 – «Истаравшан» – КМВА. Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ
11:00 – «Душанбе-83» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – «Равшан» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ
15:00 – «Хатлон» – «Кӯктош». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 2
23 феврал (якшанбе)
11:00 – «Душанбе-83» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ
15:00 – «Хатлон» – «Эсхата». Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ
24 феврал (душанбе)
11:00 – «Истаравшан» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – «Равшан» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 3
25 феврал (сешанбе)
11:00 – «Душанбе-83» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – «Куктош» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
26 феврал (чоршанбе)
10:00 – «Истаравшан» – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
13:00 – «Локомотив-Помир» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Нимфинал
28 феврал (ҷумъа)
11:00 – 1»А» – 2»Б»
15:00 – 1»Б» – 2»А»
1 март (якшанбе)
11:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм
15:00 – Финал








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






