ҶОМИ ФФТ: Натиҷаҳои бозиҳои даври аввали марҳилаи ниҳоӣ муайян шуданд

Февраль 24, 2020 11:25

ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор  оғоз  гардид. Барои ба даст овардани ҷом ҳашт даста талош мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар марҳилаи ниҳоӣ дастаҳои футболи КМВА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир»-и Душанбе, «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Равшан»-и Кӯлоб ба гурӯҳи «А» шомил гардиданд. Ба гурӯҳи «Б» дастаҳои   «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Душанбе-83»-и Душанбе, «Эсхата»-и Хуҷанд  ва «Хатлон»-и Бохтар ворид шуданд.

Бозиҳои даври аввал дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор шуданд. Дар гурӯҳи «А» КМВА ВМ ҶТ бар «Истаравшан» бо ҳисоби 2:1 ва «Равшан» бар «Локомотив-Помир» бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Дар гурӯҳи «Б» дастаи футболи  «Хатлон» бар дастаи «Кӯктош» бо ҳисоби калони  4:0 ва «Душанбе-83» бар «Эсхата» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Бинобар сабаби гузаронидани ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Туркия дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе наметавонад дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ иштирок кунад. Ба ҷои он дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар даври муқаддамотӣ дар гурӯҳи «А»-и минтақаи Душанбе ҷои сеюмро ишғол карда буд, мусобиқаро идома медиҳад.
Ҷоми ФФТ-2020

Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»: КМВА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир», «Истаравшан», «Равшан».

Гурӯҳи «Б»: «Кӯктош», «Душанбе-83», «Эсхата», «Хатлон».

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Истаравшан» – КМВА ВМ ҶТ – 1:2

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 16 (0:1). Илҳом Баротов, 32 (1:1). Шодибек Ғаффоров, 45+1 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев КМВА ВМ ҶТ

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

21 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.

«Равшан» – «Локомотив-Помир» – 1:0

Гол: Далер Чолов, 7.

Беҳтарин бозингари дидор: Рустам Ризоев («Локомотив-Помир»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

21-уми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 КМВА ВМ ҶТ 1 1 0 0 2-1 3
2 «Равшан» 1 1 0 0 1-0 3
3 «Локомотив-Помир» 1 0 0 1 0-1 0
4 «Истаравшан» 1 0 0 1 1-2 0

Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

«Душанбе-83» – «Эсхата» – 2:1

Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 11 (1:0). Парвиз Ҳамидов, 17 (2:0). Мубинҷон Муъминов, 71 (2:1).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

21 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

«Хатлон» – «Кӯктош» – 4:0

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 37 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 45 (2:0). Сорбон Авғонов, 79 (3:0). Эҳсон Бобоев, 90+4 (4:0).

Беҳтарин бозингари дидор: Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

21-уми феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Хатлон» 1 1 0 0 4-0 3
2 «Душанбе-83» 1 1 0 0 2-1 3
3 «Эсхата» 1 0 0 1 1-2 0
4 «Кӯктош» 1 0 0 1 0-4 0

Даври 2-юм

24 феврал (душанбе)

11:00 – «Истаравшан» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Равшан» – КМВА ВМ ҶТ

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм

25 феврал (сешанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Кӯктош» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

26 феврал (чоршанбе)

10:00 – «Истаравшан» – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

13:00 – «Локомотив-Помир» – КМВА ВМ ҶТ

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Нимфинал

28 феврал (ҷумъа)

11:00 – нимфинали 1-ум

15:00 – нимфинали 2-юм

1-уми март (якшанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷойи севум

15:00 – Финал

Февраль 24, 2020 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд