Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштин соҳиби 4 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 18 то 23 феврал дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистон бо ду медали нуқра ва 2 биринҷӣ миёни 24 кишвари иштирокчӣ ҷои нуҳумро соҳиб шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Чемпионати Осиё оид ба гӯштин 23 феврал бо баргузории қувваозмоиҳо дар вазнҳои 61кг, 74кг, 86кг, 92кг ва 125 кг анҷом ёфт.
Дар рӯзи охир паҳлавонони тоҷик боз як медали нуқра ба даст оварданд. Онро Муҳаммад Икромов дар вазни 61кг соҳиб шуд. Ӯ дар чорякфинал бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷиҳон Юн, дар нимфинал бар варзишгари Япония Риуто Сакакӣ ғалаб кард, вале дар финал аз намояндаи Қирғизистон Улукбек Жолдошбеков бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд.
Ин медали чоруми гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиё буд, ки 18-23 феврал дар Деҳлӣ баргузор шуд. Қаблан Ҳикматулло Воҳидов дар вазни 57кг-и гӯштини озод медали нуқра, Искандари Рустам дар вазни 97кг ва Мубинҷон Ахмедов дар вазни 63кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар чемпионат аз рӯи се равия – гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон – 275 нафар варзишгарон аз 24 давлати қораи Осиё иштирок доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 15 нафар варзишгар – ҳафтнафарӣ аз рӯи равияҳои гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, як нафар дар гӯштини бонувон намояндагӣ карданд.
Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Япония бо ба даст овардани 15 медал (8 тилло, 5 нуқра, 2 биринҷӣ) ҷои аввалро сазовор шуданд.
Эрон бо 17 медал (7-4-6) ҷои дуюм, Ҳиндустон бо 21 медал (6-5-10) ҷои сеюмро ишғол намуданд.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






