Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 феврал дар ҷумҳурӣ ба муносибати 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ паради ҳарбӣ баргузор мешавад. Қариб 8 ҳазор нафар сарбоз ва афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди Гвардияи миллии мамлакат бо паради тантанавии ҳарбӣ қадам мезананд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ба паради ҳарбӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо роҳбарӣ мекунад.
Тибқи иттилои манбаъ, чорабиниҳои идона ба ифтихори солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар тамоми шаҳру минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор карда мешаванд. Дар боғҳои пойтахт бо иштироки гурӯҳҳои эҷодии раёсати мудофиа — ансамблҳои суруд ва рақс, мусиқинавозони ҳарбӣ барномаҳои консертӣ доир мегарданд.
23 феврал дар тамоми воҳидҳои низомӣ, қисмҳо ва гарнизонҳо маросими тантанавӣ барпо шуда, барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор мешаванд.
Дар Тоҷикистон 23 феврал аз соли 1993 инҷониб ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ таҷлил гардида, айни замон артиши Тоҷикистон аз се навъи қӯшунҳо — неруҳои ҳарбию ҳавоӣ, мудофиаи зиддиҳавоӣ, қӯшунҳои хушкигард ва мобилӣ иборат мебошад.








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






