Пагоҳ дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 14.02. 2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 24 феврал бахшида ба 27-солагии Артиши миллӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан» намоиши акс ва дигар маводи марбут ба таърихи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Пагоҳ, 15 феврал намоиши мазкур, ки бо ибтикори роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, оғоз мегардад. Бо ибтикори роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ба таври ройгон 1000 нафар афсарону сарбозон аз Осорхона ва намоиши мазкур дидан менамоянд.
Тавре корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, мақсад аз ташкили намоши мазкур инъикоси муфассали фаъолияти заҳматталаб ва бошарафу содиқонаи муҳофизони Тоҷикистон буда, ба ин восита дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон мебошад.
Дар намоиш 88 акс, тамринҳои ҳарбии ҷузъу томҳои низомии мамлакат тавассути оинаи нилгун ва маводи марбут ба таърихи Артиш ба тамошобинон манзур мешаванд.
Инчунин онҳо имкон доранд, ки дар ин намоиш аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ бо афсарону сарбозон ҳангоми боздид аз ҷузъу томҳои низомӣ ва иштирок дар машқгоҳҳои ҳарбиро тамошо кунанд.
Ҳамчунин дар намоиш маҷаллаҳои «Муҳофизони Ватан», рӯзномаи «Ҳомии Ватан», «Паёми Донишкадаи ҳарбӣ», китобҳои ҷашнии Вазорати мудофиа, ки инъикосгари ҳаёти низомиёни мамлакат мебошанд, пешниҳоди тамошобинон мегарданд.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






