Пагоҳ нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, «Барқи Тоҷик» ва Академияи идоракунии давлатӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 11 феврал Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолияташон дар соли 2019 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 08:30 дар бинои нави Агентӣ, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Сино 126/1 баргузор мешавад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нишасти матбуотиро соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи мазкур барпо менамояд.
Академияи идоракунии давлатӣ соати 11:00 ва Кумитаи забон ва истилоҳот нишасти матбуотиро соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир месозад.
Нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик» соати 16:00 дар бинои ширкати мазкур баргузор мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






