Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

Февраль 21, 2020 10:33

ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати таҷлил аз 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва гузашти низомии ҳашт ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ шинос шуданд.

Дар маҳалли баргузории чорабинӣ намунаи тӯпҳои қутрашон гуногун, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияҳои худгард, мошинҳои мухталифи боркашу нақлиётӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдори замонавӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, аслиҳаи гуногуни сабуки ҷангӣ, норинҷаки дастӣ, воситаҳои махсуси ашковару беҳушкунанда, танку дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд, ба намоиш гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи мошинҳои сайёри бо техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз, ки метавонад дар ҳолати буҳрони ҷанг ва ё вазъияти фавқулода ба таври фаврӣ ба мавзею минтақаҳои муайяншуда интиқол ёбанд, шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки чунин мошинҳои сайёр ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст буда, ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати фавқулода ва ё шурӯъ шудани амалиёти ҷангӣ он метавонад бо ҳайати фармондеҳӣ ба мавзею минтақаи таҳдидкунандаи хатар ҳозир шавад ва зимоми идора намудани вазъиятро бар уҳда гирад ва аз ҳолати воқеӣ ба таври мустақим ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ хабар расонад.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз намоишгоҳи муҳимоти ҳарбӣ, вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир бобати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагии ҷангӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, танку тӯп, силоҳу муҳимоти ҷангӣ, мутахассисони варзидаи низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки аз рӯзҳои нахустини ташкили Артиши ҷавони Тоҷикистон оғоз гардида, ҳанӯз идома дорад, корҳои зиёду назаррас амалӣ карда шудаанд.

Дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи навсозии Артиши миллӣ, имрӯз дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат барои афсарону аскарон пойгоҳҳои ҳозиразамони ҳарбӣ бунёд гардидаанд.

Баҳри баланд бардоштани қудрати ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол пойгоҳи тамоми қисмҳои низомӣ, бо техникаву лавозимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ, заминаҳои хуби моддиву техникӣ ва дигар шароити муосири хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ бунёд ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо афсарону сарбозон ё худ ҳайати идоракунандаи техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, ба онҳо дар самти хизмати содиқона ба ватан ва ҳимояи ҳар зарра хоки ин меҳан барору комёбиҳо орзу намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо маҷмӯи техникаҳои мухталифи ҷангӣ ба маркази баргузории чорабинӣ, ки дар майдони сафороии он садҳо нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе саф кашида буданд, ташриф оварданд.

Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.

Баъди садои Суруди миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ нутқи пурмуҳтаво намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди мамлакатро ба муносибати таҷлил аз 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, оид ба ҳама комёбиву дастовардҳои беназири давлати соҳибистиқлол, рушду камоли артиш ва доир ба пуриқтидор гардидани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ карданд.

Баъди анҷоми суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе оғоз гардид.

Дар парад шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, афсарони хадамотҳои махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантони муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъйиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, занону бонувони Артиши миллӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар сохторҳои қудратӣ гузашти низомӣ доир намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Артиши миллии мамлакат бисёр ҷавон бошад ҳам, лекин дар ин муддати кӯтоҳ имрӯз ба неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, қодир аст дастоварду манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд.

Роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали бунёди Артиши миллӣ, новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар мамлакат ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафҳои Артиш бо афсарони касбиву мутахассисони варзидаи низомӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Илова бар ин, аз рӯзҳои нахустини таъсиси Артиши миллӣ инҷониб ба масъалаҳои бунёду таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, ташкили навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пурра намудани он бо ҳайати шахсӣ ва беҳдошти омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардумони он сарзамин ба ҳисоб меравад.

Баъд аз расми гузашти ҷузъу томҳо дар маркази майдони баргузории чорабинии ҷашнӣ, аз ҷониби афсарону сарбозони ротаи Қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллӣ, ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуданд.

Ротаи қаровули фахрӣ иштирокчии доимии ҳама парадҳои ҳарбӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Омода кардани ротаи қаровули фахрӣ ба худ талаботи хос дорад. Интихоби номзадҳо вобаста ба қаду баст, симои миллӣ, қадамҳои росту сафӣ ва тибқи дигар тартибу низоми махсус роҳандозӣ мешавад. Муҳлати омода кардани ҳайати ротаи қаровули фахрӣ аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад.

Ҷузъу томҳои ротаи Қаровули фахрӣ ҳангоми иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомӣ бо саф ва силоҳи худ 27 солро таҷассум менамоянд, ки он ишора ба таҷлил аз 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷараёни баргузории ин чорабинии ҷашнӣ, дар маркази майдони ин пойгоҳи ҳарбӣ, аз ҷониби навозандагони Оркестри ҳарбии муттаҳида, ки шумораи онҳоро 150 нафарро ташкил медиҳад, таҳти созҳои нафасӣ ва бо маҳорати баланд платс — консерт намоиш дода шуд.

Дар гузашти ҳарбӣ ва ҳангоми иҷрои ҳаракатҳои мавзуни низомии ротаи қаровули фахрӣ, оҳангҳои бастакорони шинохтаи тоҷик Зокирҷон Нишонов, Фозил Солиев, Шодмон Пӯлодӣ, Рустам Содиқов ва дигарон садо доданд.

Иштирок дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 21.02.2020

Февраль 21, 2020 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд