Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд нисбат ба 27 нафар волидайн парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст

Февраль 24, 2020 15:43

ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2019 дар вилояти Суғд барои иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон нисбат ба 2 ҳазору 598 волидайн бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ маводи маъмурӣ ба расмият дароварда шуда, нисбат ба 27 нафар волидайн барои монеъ шудан ба фарзандон дар гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ, яъне нуҳсола, бо моддаи 164 КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Дар ин бора сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов маълумот дод.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ Ховар Абдуаҳад Шарифзода, мавсуф ҳамзамон вобаста ба паҳлуҳои дигари фаъолияти сохтор  баён дошт, ки  дар ин давра аз ҷониби кормандони милитсия 159 адад силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира карда шуда, нисбат ба 3 нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Ҳамзамон 86 ҷиноят (с.2018-111) вобаста ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ошкор ва аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 175 кг маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.

Инчунин ба қаламрави вилоят 152 ҳолати бо роҳи қочоқ ворид намудани молу маҳсулот ба маблағи 5 млн 432 337 сомонӣ  ошкор карда шуд.

Вобаста ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ин давра аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд нисбат ба 416 ҳазору 158 нафар шаҳрвандон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 690 нафар аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум ва 620 нафар ҷаримабандӣ гардиданд.

Ба иттилои сардори Раёсат, давоми соли 2019 дар қаламрави вилояти Суғд аз ҷониби 5526 нафар шаҳрвандон 5536 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018  202 адад зиёд аст. Аз теъдоди умумии ҷиноятҳои ба қайдгирифта 92,9 фоизаш ошкор гардидааст.

-Дар ин давра ҷиноятҳои дуздӣ 186 адад, авбошӣ 15 адад ва одамкушӣ, роҳзанӣ ва тамаъҷӯӣ 2 адад афзудаанд.  Ҳамзамон аз 2015 нафар ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда 711 нафарашон муайян ва дастгир ва аз 258 нафар шахсони беному нишон гумшуда 204 нафарашон дарёфт гардидаанд,-афзуд А.Навҷувонов.

Февраль 24, 2020 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд