Роҳбари ТУТ дар Мюнхен доир ба коронавируси нав: ҳамбастагӣ ва амали қатъӣ бояд ба ҳама гуна ҳангома муқобил гузошта шавад
ДУШАНБЕ, 17.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Ташкилоти Умумиҷаҳоии Тандурустӣ доктор Тедрос Гебрейюс ба иштирокчиёни Конфронси амнияти Мюнхен муроҷиат карда, аз давлатҳо даъват ба амал овард, ки ба эпидемияи нави коронавируси COVID-19 ҷиддӣ омода шаванд, овозаҳо ва ҳангомаҳои атрофи онро ҷилавгирӣ кунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар дод.
«Имрӯз пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки чӣ гуна эпидемия паҳн хоҳад шуд»,- иброз намуд доктор Тедрос Гебрейюс. Вай бо эҳтиром изҳор дошт, ки Чин барои пешгирии паҳншавии вируси нав тадбирҳои саривақтӣ ва қатъӣ андешидааст ва дар хориҷ ҳолатҳои оммавии интиқоли COVID-19 аз як нафар ба каси дигар ба қайд гирифта нашудаанд. Ёдовар мешавем, ки вируси номаълум охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Ухани Чин пайдо шуда, аз он ҷо ба тамоми музофоти Ҳубей паҳн шуд ва баъдан ба 24 давлати дигар «ворид гардид». То имрӯз 1 381 нафар аз коронавирус вафот кардаанд. Танҳо дар як шабонарӯз зиёда аз сад бемор фавтидаанд. Тибқи иттилои ВАО, навакак як сокини Франсия аз он ҷон додааст. Ин аввалин ҳолати фавт дар Аврупо мебошад.
Имрӯз пешгӯии он ки эпидемия чӣ гуна хуруҷ мекунад, номумкин аст
Доктор Тедрос мегӯяд: «Чин ба мо фурсат дод, ки вақтро аз даст надиҳем, аммо мо намедонем, ки чӣ қадар вақт дорем»,- огоҳ кард доктор Тедрос: «Ҳамаи мамлакатҳо бояд ба ҳолатҳои пайдо шудани ин беморӣ омода бошанд, онҳо бояд ба беморон шифо бахшанд, бо ҳурмату эҳтиром нисбат ба онҳо муносибат кунанд ва духтуронро аз интиқоли вирус муҳофизат кунанд». Дар ТУТ аз он дар ташвишанд, ки дар Чин аз вируси COVID-19 1716 нафар табибон сироят ёфтаанд ва аз ин шумора шаш нафар аллакай фавтидаанд. Бар замми ин дар бозор таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ вуҷуд надорад. Доктор Тедрос зикр кард, ки ТУТ бо истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони таҷҳизот ва таҷҳизоти муҳофизатӣ барои таъмини мунтазами онҳо кор мекунад. ТУТ ҳоло ба мамлакатҳое, ки зиёдтар ба лавозимоти ташхисӣ, ниқобҳои рӯй, дастпӯшакҳо, хилъатҳо ва дигар таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ ниёз доранд, онҳоро равон намуд.
Бо вуҷуди ин, шумораи беморони COVID-19 дар Чин, ки 99 фоизро ташкил медиҳад, меафзояд: он ҷо зиёда аз 66,000 нафар одамон аллакай бемор мебошанд. Дар давлатҳои дигар вирус дар 505 нафар ошкор карда шуд. Бо вуҷуди ин, доктор Тедрос зикр кард, ки давлатҳо хатари ин эпидемияро, ки ТУТ онро ҳамчун ҳолати фавқулодаи тандурустӣ дар сатҳи байналмилалӣ эълон кардааст, ба назар намегиранд.
Вай ёдовар шуд, ки тибқи гузориши ТУТ ва Бонки ҷаҳонӣ, ки як сол пеш нашр шуд, давлатҳо ба чунин ҳолатҳо хеле суст омода мешаванд. Онҳо барои коҳиш додани авҷи беморӣ маблағҳои зиёде сарф мекунанд ва вақте ки он хомӯш карда мешавад, онҳо фаромӯш мекунанд ва ҳеҷ коре намекунанд, то хуруҷи бемории навбатӣ онҳоро дар вазъияти ногувор намонад.
«Ҷаҳон триллионҳо долларро барои омодагӣ дидан ба ҳамлаҳои террористӣ харҷ мекунад, аммо барои омодагӣ ба «пайдоиши» вирус, ки метавонад ҳазорон нафарро аз ҳаёт маҳрум кунад ва зарари бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ расонад, нисбатан кам маблағ сарф мешавад» -гуфт роҳбари ТУТ. Ба гуфтаи вай, чунин сиёсати кӯтоҳбинона ва хатарнокро наметавон шарҳ дод.
Душмани бадтарини мо на вирус, балки доғи нанг дар байни мардум аст
«Аммо мо бояд на танҳо бо эпидемияи COVID-19, балки бо «инфодемика» низ мубориза барем»- гуфт директори генералии ТУТ. -«Хабарҳои нодуруст ё ба қавле, фейк назар ба вирус зудтар ва осонтар паҳн мегарданд.» Барои муқовимат бо ҷараёни овозаҳо ва иттилооти нодуруст, Созмон бо ширкатҳои интернетӣ, аз ҷумла “Google”, “Facebook, “Twitter”, «Пинтерест» ва ғайра ҳамкорӣ мекунад. «Мо аз Ҳукумат, ширкатҳо ва агентиҳои иттилоотӣ даъват ба амал меорем, ки дар якҷоягӣ бо мо дар бораи хатар ошкоро гап зананд»,- иброз дошт доктор Тедрос.
Дар расм: дар яке аз шаҳрҳои Чин, ки онҷо бемории намуди нави коронавирус кам намешавад, одамон маҷбуранд барои дастрас намудани ниқобҳои муҳофизатӣ ба навбат истанд. Акси Ли Жан








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






