Роҳбари ТУТ дар Мюнхен доир ба коронавируси нав: ҳамбастагӣ ва амали қатъӣ бояд ба ҳама гуна ҳангома муқобил гузошта шавад

Февраль 17, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 17.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Ташкилоти Умумиҷаҳоии Тандурустӣ  доктор Тедрос Гебрейюс ба иштирокчиёни Конфронси амнияти Мюнхен муроҷиат карда, аз давлатҳо даъват ба амал овард,  ки ба эпидемияи нави коронавируси COVID-19 ҷиддӣ омода шаванд, овозаҳо ва ҳангомаҳои атрофи онро ҷилавгирӣ кунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар дод.

«Имрӯз пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки чӣ гуна эпидемия паҳн хоҳад шуд»,- иброз намуд доктор Тедрос Гебрейюс. Вай бо эҳтиром изҳор дошт, ки Чин барои пешгирии паҳншавии вируси нав тадбирҳои саривақтӣ ва қатъӣ андешидааст ва дар хориҷ ҳолатҳои оммавии интиқоли COVID-19 аз як нафар ба каси дигар ба қайд гирифта нашудаанд. Ёдовар мешавем, ки вируси номаълум охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Ухани Чин пайдо шуда,  аз он ҷо ба тамоми музофоти Ҳубей паҳн шуд ва баъдан ба 24 давлати дигар «ворид гардид». То имрӯз 1 381 нафар аз коронавирус вафот кардаанд. Танҳо дар як шабонарӯз зиёда аз сад бемор фавтидаанд. Тибқи иттилои ВАО, навакак як сокини Франсия аз он ҷон додааст. Ин аввалин ҳолати фавт дар Аврупо мебошад.

Имрӯз пешгӯии он ки эпидемия чӣ гуна хуруҷ мекунад, номумкин аст

Доктор Тедрос мегӯяд: «Чин ба мо фурсат дод, ки вақтро аз даст надиҳем, аммо мо намедонем, ки чӣ қадар вақт дорем»,- огоҳ кард  доктор Тедрос: «Ҳамаи мамлакатҳо бояд ба ҳолатҳои пайдо шудани ин беморӣ омода бошанд, онҳо бояд  ба беморон шифо бахшанд, бо ҳурмату эҳтиром нисбат ба онҳо муносибат кунанд ва духтуронро аз интиқоли вирус муҳофизат кунанд». Дар ТУТ аз он дар ташвишанд, ки  дар Чин аз вируси COVID-19  1716 нафар табибон сироят ёфтаанд ва аз ин шумора шаш нафар аллакай фавтидаанд. Бар замми ин дар бозор таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ вуҷуд надорад. Доктор Тедрос  зикр кард, ки   ТУТ бо истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони таҷҳизот ва таҷҳизоти муҳофизатӣ барои таъмини мунтазами онҳо кор мекунад.  ТУТ  ҳоло ба мамлакатҳое, ки зиёдтар ба лавозимоти ташхисӣ, ниқобҳои рӯй, дастпӯшакҳо, хилъатҳо ва дигар таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ ниёз доранд, онҳоро равон намуд.

Бо вуҷуди ин, шумораи беморони COVID-19 дар Чин, ки 99 фоизро ташкил медиҳад, меафзояд: он ҷо зиёда аз 66,000 нафар одамон аллакай бемор мебошанд. Дар давлатҳои дигар вирус дар 505 нафар ошкор карда шуд. Бо вуҷуди ин, доктор Тедрос зикр кард, ки давлатҳо хатари ин эпидемияро, ки ТУТ онро ҳамчун ҳолати фавқулодаи тандурустӣ дар сатҳи байналмилалӣ эълон кардааст, ба назар намегиранд.

Вай ёдовар шуд, ки тибқи гузориши ТУТ ва Бонки ҷаҳонӣ, ки як сол пеш нашр шуд, давлатҳо ба чунин ҳолатҳо хеле суст омода мешаванд. Онҳо барои коҳиш додани авҷи беморӣ маблағҳои зиёде сарф мекунанд ва вақте ки он хомӯш карда мешавад, онҳо фаромӯш мекунанд ва ҳеҷ коре намекунанд, то хуруҷи бемории навбатӣ онҳоро дар вазъияти  ногувор намонад.

«Ҷаҳон триллионҳо долларро барои омодагӣ  дидан ба ҳамлаҳои террористӣ харҷ мекунад, аммо барои омодагӣ ба «пайдоиши» вирус, ки метавонад  ҳазорон нафарро аз ҳаёт маҳрум кунад  ва зарари бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ расонад, нисбатан кам маблағ сарф мешавад» -гуфт роҳбари ТУТ. Ба гуфтаи вай, чунин сиёсати кӯтоҳбинона ва хатарнокро наметавон шарҳ дод.

Душмани бадтарини мо на вирус, балки доғи нанг дар байни мардум аст

«Аммо мо бояд на танҳо бо эпидемияи COVID-19, балки бо «инфодемика» низ мубориза барем»- гуфт директори генералии ТУТ. -«Хабарҳои нодуруст ё ба қавле, фейк назар ба вирус зудтар ва осонтар паҳн мегарданд.» Барои муқовимат бо ҷараёни овозаҳо ва иттилооти нодуруст, Созмон бо ширкатҳои интернетӣ, аз ҷумла “Google”, “Facebook, “Twitter”, «Пинтерест»  ва ғайра ҳамкорӣ мекунад. «Мо аз Ҳукумат, ширкатҳо ва агентиҳои иттилоотӣ даъват ба амал меорем, ки дар якҷоягӣ бо мо дар бораи хатар ошкоро гап зананд»,- иброз дошт доктор Тедрос.

Дар расм: дар яке аз шаҳрҳои Чин, ки онҷо бемории намуди нави коронавирус кам намешавад, одамон маҷбуранд барои дастрас намудани ниқобҳои муҳофизатӣ ба навбат истанд. Акси Ли Жан

Февраль 17, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ