Санъати ороишӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Аврупо муаррифӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Санъати ороишӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон бояд ба мардуми Аврупо муаррифӣ гарданд. Ин нуктаро 25 феврал Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йозефсон зимни мулоқот бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода ба Сафири Иттиҳоди Аврупо Мерилин Йозефсон оид ба фаъолияти соҳаи фарҳанг ва самтҳои асосии он дар Тоҷикистон маълумот дод.
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йозефсон иброз намуд, ки ҳунарпешаҳои тоҷик истеъдоди баланд дошта, метавонанд дар қитъаи Аврупо санъати тоҷикро ба таври арзанда муаррифӣ кунанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо Вазорати фарҳанг то ин муддат ҳамкории хуб дошта, ният дорад онро минбаъд таҳким бахшад.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки ҷонибҳо ба дурнамои фаъолият, нақшаҳои минбаъда ва амалӣ намудани барномаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи бештар равона намоянд.








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






