Шумораи нафарони аз коронавирус фавтида дар Чин ба 1113 нафар расид
ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи изҳороти Кумитаи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин, шумораи ҳодисаҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар Чин 44,6 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки аз он 1113 нафар фавтида, 4740 нафарашон шифо ёфтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад.
Як рӯз қабл беш аз 42,6 ҳазор ҳолат расман сабт шуда буд, ки аз онҳо 1016 нафар ҳалок ва 3996 нафарашон шифо ёфта, аз беморхонаҳо рухсат дода шуданд.
«Нимаи 11 феврал Кумитаи давлатии тундурустӣ аз 31 вилоят (ноҳия, шаҳри тобеи марказ) маълумотро оид ба 44.653 нафари сироятшуда ба илтиҳоби шуш гирифт. Аз ҷумла айни ҳол 38 800 нафари он беморанд (8204 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд), 4740 нафар аз беморхона ҷавоб дода шудаанд ва 1113 нафар фавтидаанд»-гуфта мешавад дар хабари Кумитаи давлатӣ.
Дар Гонконг ба таври ҷудогона 49 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст (1 нафарашон фавтид), 10 нафар дар Макао (1 нафарашон аллакай аз беморхона бароварда шудааст), 18 нафар дар Тайван сироят ёфтаанд (1 нафари онҳо шифо ёфт).Айни замон беш аз 185 ҳазор нафар, ки бо беморон робитаи наздик доштанд, таҳти назорат қарор доранд.
Давоми як рӯзи охир 2015 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор карда шуда, 744 нафар аз беморхонаҳо рухсат дода шуданд, 97 нафар фавтиданд, дар ҳоле ки шумораи беморони вазнин дар як рӯз 871 нафар зиёд шуд.
Зиёда аз 83 фоизи сироятёбӣ ба коронавирус дар оилаҳо рух медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» дар такя ба хабаргузории Кумитаи давлатии тандурустии ҶМЧ хабар медиҳад.
«Беш аз 83 фоизи гирифторӣ ба коронавирус дар оилаҳо рух медиҳад, боқимондаҳо — дар муассисаҳои тиббӣ, хадамоти озуқаворӣ, деҳаҳо, супермаркетҳо, марказҳои савдо, корхонаҳо, мошинҳо, хонаҳои пиронсолон ва мактабҳо ба амал меоянд»,- гуфта шуд дар хабари кумита.
31 декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар бораи хуруҷи бемории номаълуми илтиҳоби шуш дар шаҳри Ухан- дар қисми марказии мамлакат (музофоти Ҳубей) хабар доданд.
Коршиносон ангезандаи бемориро муайян карданд ва гуфтанд, ки ин навъи бемории 2019-nCoV коронавирус аст.Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ шакли нави коронавируси Чинро COVID-2019 номид.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






