Шумораи нафарони аз коронавирус фавтида дар Чин ба 1113 нафар расид

Февраль 12, 2020 12:15

ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи изҳороти Кумитаи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин, шумораи ҳодисаҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар Чин 44,6 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки аз он 1113 нафар фавтида, 4740 нафарашон шифо ёфтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад.

Як рӯз қабл беш аз 42,6 ҳазор ҳолат расман сабт шуда буд, ки аз онҳо 1016 нафар ҳалок ва 3996 нафарашон шифо ёфта, аз беморхонаҳо рухсат дода шуданд.

«Нимаи 11 феврал Кумитаи давлатии тундурустӣ аз 31 вилоят (ноҳия, шаҳри  тобеи марказ) маълумотро оид ба  44.653 нафари сироятшуда ба илтиҳоби шуш гирифт. Аз ҷумла айни ҳол 38 800 нафари он беморанд (8204 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд), 4740 нафар аз беморхона ҷавоб дода шудаанд ва 1113 нафар фавтидаанд»-гуфта мешавад дар хабари Кумитаи давлатӣ.

Дар Гонконг ба таври ҷудогона 49 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта  шудааст (1 нафарашон фавтид), 10 нафар дар Макао (1 нафарашон аллакай аз беморхона бароварда шудааст), 18 нафар дар Тайван сироят ёфтаанд (1 нафари онҳо шифо ёфт).Айни замон беш аз 185 ҳазор нафар, ки бо беморон робитаи наздик доштанд, таҳти назорат қарор доранд.

Давоми як рӯзи охир 2015 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор карда шуда, 744 нафар аз беморхонаҳо рухсат дода шуданд, 97 нафар фавтиданд, дар ҳоле ки шумораи беморони вазнин дар як рӯз 871 нафар зиёд шуд.

Зиёда аз 83 фоизи  сироятёбӣ ба коронавирус дар оилаҳо рух медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» дар такя ба хабаргузории Кумитаи давлатии тандурустии ҶМЧ хабар медиҳад.

«Беш аз 83 фоизи гирифторӣ ба коронавирус дар оилаҳо рух медиҳад, боқимондаҳо — дар муассисаҳои тиббӣ, хадамоти озуқаворӣ, деҳаҳо, супермаркетҳо, марказҳои савдо, корхонаҳо, мошинҳо, хонаҳои пиронсолон ва мактабҳо ба амал меоянд»,- гуфта шуд дар хабари кумита.

31 декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар бораи хуруҷи бемории номаълуми илтиҳоби шуш дар шаҳри Ухан- дар қисми марказии мамлакат (музофоти Ҳубей) хабар доданд.

Коршиносон ангезандаи бемориро муайян карданд  ва гуфтанд, ки ин навъи бемории 2019-nCoV коронавирус аст.Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ шакли нави коронавируси Чинро  COVID-2019 номид.

Февраль 12, 2020 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад