Соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон 5 минтақаи хизматии милитсия бунёд мешаванд

Февраль 17, 2020 10:44

ДУШАНБЕ, 16.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон 5 минтақаи хизматии милитсия дар ноҳияҳои наздисарҳадии  ҷумҳурӣ  бунёд гардида,  бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии электронии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо ҷорӣ гардида, вобаста ба ҷалби бештари занон ба мақомоти корҳои дохилӣ корҳои  иттилоотӣ бурда мешаванд.

Иқдоми мазкур чанд  намунаест  аз  нақшаи  фаъолияти якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) дар соли 2020.

Ёдовар мешавем, ки 13-14  феврал  бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва кумаки молиявии ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) вохӯрии шарикони иҷтимоӣ ҷиҳати банақшагирии фаъолият дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷамъомади  мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Валихон Ҳамдамзода,  роҳбарият ва кормандони ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд», ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар вилоятҳои  Суғд, Хатлон, ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт, инчунин  шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Дар вохӯрӣ В. Ҳамдамзода дар бораи фаъолияти ВКД дар соли 2019 дар самти ислоҳоти милитсия ба ҷомеаи шаҳрвандӣ иттилоъ дода, зимнан вобаста ба фаъолияти ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» ибрози андеша намуд.

Дар нақшаи мазкур  ҳамчунин таҳия, нашр ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа,  тақвият бахшидани фаъолияти Шӯрои занони ВКД,
баргузории конференсияҳои минтақавӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар ҳамоишҳо дар самти такмили фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ низ дарҷ гардидааст.

Февраль 17, 2020 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд