Суғд: соли гузашта дар вилоят шумораи содиршавии ҷиноятҳои вазнин коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 13.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 дар вилояти Суғд шумораи содиршавии ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ва нигоҳдошти ғайриқонунии силоҳ, вайрон намудани тартибот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар муқоиса ба соли 2018 коҳиш ёфтааст. Дар ин бора сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни нишаст Абдулло Навҷувонов доир ба натиҷаи фаъолияти фаврӣ -хизматии мақомот давоми соли 2019, аз ҷумла оид ба вазъи ҷиноятсодиркунӣ ва намуди онҳо дар миқёси вилоят, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, фаъолияти милитсия дар самти ошкор намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, боздошти афроди дар содир намудани ҷиноят гумонбар ва пешгирии унсурҳои номатлуб ба рӯзноманигорон маълумот дода, ин масъалаҳоро шарҳу эзоҳ дод.
А.Навҷувонов таъкид намуд, ки соли 2019 мавқеи мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ҳамчун ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, субъекти муборизи ҷиноят, ҳуқуқвайронкунӣ, унсурҳои ба ҷомеа хавфнок ва ҳифзкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ назаррас буд.
Номбурда ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят, пешгирии ҷиноятҳо, нақшаҳои минбаъда ва дигар муаммоҳои рӯзмарра, ки ба фаъолияти милитсия алоқаманданд, посух дода, барои ҳамкории доимии судманд бо масъулини мақомоти мазкур дар тарғибу инъикоси воқеъбинонаи натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматӣ, таҳқиқу тафтишотӣ, профилактикӣ, тавсифи дастовард ва заҳматҳои шабонарӯзии кормандони милитсия, ҳамзамон баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои доғи рӯз ба рӯзноманигорон изҳори миннатдорӣ намуд.








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






