СУТ: Авҷи эпидемияи коронавирус дар Чин паси сар шуд

Февраль 26, 2020 12:32

ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин 23 январ эпидемияи коронавируси  COVID-19 ба авҷи худ расида буд, вале аз аввалҳои моҳи феврал шумораи сироятёфтагони нав  торафт кам мегардад. Дар ин бора роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебрейесус  хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти СММ.    

Тедрос Гебрейесус дар брифинги Женева  нақл намуд, ки коршиносони СУТ ҳангоми сафари худ ба Чин чиро муайян карданд. Онҳо ба як қатор музофот, аз ҷумла ба Хубей, ки дар онҷо шаҳри Ухан воқеъ аст, роҳсипор шуданд. Дар натиҷаи пажӯҳишҳо олимон  ба хулосае омаданд, ки 23 январ беморӣ ба авҷи аълои худ расида, шурӯъ аз 2 феврал  кам шудан гирифт. Олимон чунин меҳисобанд, ки ДНК-и  вирус ҳафтаҳои охир  ба таври назаррас тағйир наёфтааст, аммо сатҳи фавт  аз беморӣ дар Ухан аз 2% то 4% ва берун аз ҳудуди он тақрибан 0, 7 фоизро ташкил медиҳад.

Маризоне ки бемориашон сабук аст, тӯли ду ҳафта шифо меёбанд ва барои барқарор намудани шакли вазнини беморӣ аз 3 то 6 ҳафта лозим мешавад. Баъд аз омӯхтани вазъ коршиносон хулоса намуданд, ки  тадбирҳои андешидаи Чин паҳншавии васеи вирусро  пешгирӣ намуд.

Дар гузориши омоданамудаи олимони СУТ 22 тавсия барои муқовимат бо вирус мавҷуданд. Тафсилоти гузориш ояндаи наздик нашр хоҳад шуд.

«Паёми асосӣ ин аст, ки вирусро метавон боздошт. Бисёр кишварҳо ба ин ноил гаштаанд»,- гуфт роҳбари СУТ.

Аммо Тедрос Гебрейесус  эътироф сохт, ки афзоиши ногаҳонии сирояти коронавирус  дар Италия, Эрон ва Ҷумҳурии Корея  боиси нигаронист.

Роҳбари СУТ гуфт, ки бо воҳимаю ҳарос доир ба  пандемия –паҳншавии беназорати вирус дар тамоми ҷаҳон алҳол сухан гуфтан барвақт аст.

«Айни ҳол паҳншавии  зиёди беморӣ  ва фавт вуҷуд надорад»,-гуфт ӯ.

Роҳбари СУТ зикр намуд, ки коронавирус дар худ «эҳтимолияти  пандемия»-ро дорад, вале алҳол сухан дар бораи эпидемия дар кишварҳои гуногун меравад ва барои ҳар ҳолат тадбирҳои мушаххас бояд андешида шаванд.

Тедрос Гебрейесус даъват намуд, ки ба самтҳои авлавиятнок диққат додан зарур аст: тамоми кишварҳо бояд ҳифзи кормандони тиб, калонсолон ва шахсони  гирифтори бемориҳои музминро таъмин созанд, дар маҷмуъ, ҷомеаи ҷаҳонӣ  бояд эпидемияро дар давлатҳое, ки  қудрати муқовимат бо вирус надоранд, пешгирӣ намоянд.

Ӯ ба Комиссияи Аврупо, ки барои мубориза бо коронавирус 232 миллион евро ҷудо кардааст, ҳамчунин ба Франсия, Германия ва Шведсия, ки маблағҳои иловагӣ  ваъда намуданд, изҳори миннатдорӣ намуд.

«Ин як таҳдиди умумӣ аст ва танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем онро бартараф созем»,- таъкид намуд директори генералии СУТ.

Дар акс:  Тедрос Гебрейесус. Акси  EPA    

Февраль 26, 2020 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид