СУТ дар бораи натиҷаҳои таҳқиқи коронавирус маълумот дод
ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи коршиносони байналмилалии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) оид ба таҳқиқи хуруҷи намуди нави коронавируси COVID-2019, ки ба Чин рафта буд, пас аз гузаронидани таҳқиқот хулоса кард, ки ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ ба ин вирус мубтало ҳастанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе раиси Комиссия оид ба вокуниш ба COVID-2019-и Кумитаи давлатии тандурустии Чин Лян Ваннян изҳор дошт.
Гурӯҳи байналмилалии СУТ оид ба таҳқиқи хуруҷи коронавируси нав, ки аз 25 коршиноси чинӣ ва хориҷӣ иборат аст, 16 феврал вориди Чин шуд ва аз Пекин, Гуандун, Сичуан ва Вуҳан дидан кард.
«Коронавируси нав намуди нави бемории барангезанда мебошад, бинобар ин, ҳеҷ як гурӯҳи синнусолӣ аз намуди нави коронавирус масуният надорад, онҳо метавонанд ба осонӣ сироят ёбанд», — гуфт Лян Ванниан дар нишасти матбуотӣ пас аз таҳқиқи анҷомдода.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, синни миёнаи беморон 51-сола буда, одамони 30-69-сола 77,8%-и шумораи умумии беморонро ташкил медиҳанд. 77,5%-и ҳолатҳо дар музофоти Ҳубей ба қайд гирифта шудаанд.
Коршиносон инчунин муайян карданд, ки таҳлилҳои барои сирояти коронавирус супоридаи тақрибан 1-5% одамоне, ки бо беморон тамоси наздик доштанд, натиҷаҳои мусбат доданд.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






