СУТ муҳлати санҷиши ваксинаҳои зидди коронавирусро дар одамон муайян намуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин ваксинаҳо бар зидди коронавируси нав дар муддати 3-4 моҳ дар бадани инсон санҷида мешаванд. Дар ин бора директори иҷроияи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) Сумия Шваминатан рӯзи чоршанбе дар брифинг иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».
Вай дар бораи натиҷаҳои форуми ҷаҳонии СУТ оид ба вазъи коронавирус, ки 11-12 феврал дар Женева бо иштироки тақрибан 400 олим баргузор гардид, изҳори назар кард. Дар ҷамъбасти ҷаласа коршиносон дар бораи афзалиятҳои кор бо бемории нав, аз ҷумла таҳияи ваксинаҳои навро зидди вирус мувофиқа карданд.
«Афзалиятҳои миёнамуҳлат ба таҳияи ваксина ва доруҳо барои ин беморӣ марбутанд. Аллакай 4 ваксинаҳои имконпазир мавриди таҳия қарор доранд. Эҳтимол, санҷиши якум ё дуюмашро пас аз 3-4 моҳ дар одамон оғоз кунанд. Ин худ пешрафти хеле босуръат хоҳад буд“,-гуфт намояндаи СУТ.»Аммо олимон инчунин муҳокима карданд, ки муддати муваққатӣ барои муайян кардан бояд чӣ гуна бошад ва кадом ваксина дар асоси афзалият санҷида шавад. Ҳамзамон ваксина барои 12-18 моҳ дастрас хоҳад буд», — илова намуд ӯ.Миёни афзалиятҳои таъҷилие, ки дар форуми ҷаҳонӣ ба мувофиқа расиданд, Шваминатан, аз ҷумла, муайян кардани усулҳои гузариши вирус ба одамон, эпидемиологияи ин беморӣ, инчунин чораҳои пешгирӣ ва назорати паҳншавии онро номбар кард.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






