СУТ муҳлати санҷиши ваксинаҳои зидди коронавирусро дар одамон муайян намуд

Февраль 13, 2020 08:23

ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин ваксинаҳо бар зидди  коронавируси нав дар муддати 3-4 моҳ дар бадани инсон санҷида  мешаванд. Дар ин бора директори  иҷроияи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) Сумия Шваминатан рӯзи чоршанбе дар брифинг иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».

Вай дар бораи натиҷаҳои форуми ҷаҳонии СУТ  оид ба вазъи коронавирус, ки 11-12 феврал дар Женева бо иштироки тақрибан 400 олим баргузор гардид, изҳори назар кард. Дар ҷамъбасти ҷаласа коршиносон дар бораи афзалиятҳои кор бо бемории нав, аз ҷумла таҳияи ваксинаҳои навро зидди вирус мувофиқа карданд.

«Афзалиятҳои миёнамуҳлат ба таҳияи ваксина ва доруҳо барои ин беморӣ марбутанд. Аллакай 4 ваксинаҳои имконпазир мавриди таҳия қарор доранд. Эҳтимол, санҷиши  якум ё дуюмашро пас аз 3-4 моҳ дар одамон оғоз кунанд. Ин худ пешрафти хеле босуръат хоҳад буд“,-гуфт намояндаи СУТ.»Аммо олимон инчунин муҳокима карданд, ки муддати муваққатӣ   барои муайян кардан бояд чӣ гуна бошад ва кадом ваксина дар асоси афзалият санҷида шавад. Ҳамзамон ваксина барои 12-18 моҳ дастрас хоҳад буд», — илова намуд ӯ.Миёни афзалиятҳои таъҷилие, ки дар форуми ҷаҳонӣ ба мувофиқа расиданд, Шваминатан, аз ҷумла, муайян кардани усулҳои гузариши вирус ба одамон, эпидемиологияи ин беморӣ, инчунин чораҳои пешгирӣ ва назорати паҳншавии онро номбар кард.

Февраль 13, 2020 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид